Роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи ноҳияи Ҳамадонӣ таъмир мешаванд

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дастгирии соҳибкорон 13 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо харҷи 12 миллион сомонӣ таъмир мешаванд.

Сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Абдулмаҷид Кабиров гуфт, дар умум дар ноҳия 13,1 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мавҷуданд, ки пурра  вайрону валангор гардида,  барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекарданд.

— Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорони ноҳия ҳоло 8 километри роҳи мазкур бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ таъмири асосӣ шуда, дар 5 километр роҳи дигар таъмир идома дорад, — илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки дар мувозинаи идорааш 209 километр роҳ ҳаст, ки аз он 70 дарсадаш ба талабот ҷавобгӯ буда, боқӣ ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд.

Сообщение Роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи ноҳияи Ҳамадонӣ таъмир мешаванд появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.