Роҳбарони амниятии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот мекунанд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Қамчибек Тошиев, роҳбари ин ниҳод бо ҳамтои тоҷикаш Саймуъмин Ятимов мулоқот мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар, мавзӯи асосии гуфтугӯи роҳбарони бахши амниятии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд. “То бегоҳи имрӯз вазъиятро пурра ба эътидол меорем”,-гуфтааст Қамчибек Тошиев.  

Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов ҳамзамон роҳбарии комиссияи аломатгузории марзро ба уҳда доранд.  

Мулоқоти роҳбарони амниятии ду кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки марзи ду кишвар шоҳиди як муноқишаи хунин шудааст.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 13 ва маҷруҳ шудани 134 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд. Аммо тибқи иттилои расонаҳо аз тарафи Тоҷикистон дар ин муноқиша ҳадди ақал 8 нафар фавтида, беш аз 90 нафар маҷруҳ шудаанд. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.