Роҳи ҳавоии Душанбе-Тошканд то соли оянда боз намешавад

Мақомоти расмии Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз санаи дақиқи барқарории парвозҳо байни Тошканду Душанберо муайян накардаанд. Миёнаи моҳи октябр ҷонибҳо барқарории парвозҳоро аз 1 ноябр баррасӣ карда буданд, аммо баъдтар ин сана ба 1 декабр кӯчид. Ҳоло санаи нав – аз 1 январи соли 2021 – мавриди баррасӣ аст. Расонаҳо менависанд, ноустувории вазъи беҳдоштии ду кишвар ба далели паҳншавии вабои коронавирус имкон намедиҳад, ки дар мавриди барқарории парвозҳо тасмими қатъӣ қабул шавад. Дар ҳамин ҳол, Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба барқарории парвозҳо бо Тошканд иҷозат додааст, аммо санаи парвози нахустин ҳамоно норушан аст. Парвозҳо байни Узбекистон ва Тоҷикистон 16 марти соли ҷорӣ дар робита ба вабои коронавирус қатъ шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.