Роҳи донишҷӯён ба Русия боз шуд, вале ба шарти ду тести COVID-19

Ҳукумати Русия тартиби сафари донишҷӯёни хориҷиро барои идомаи таҳсил дар донишкадаҳои ин кишвар муайян кард. Пештар гуфта мешуд, ки бо сабаби баста будани роҳҳо зиёда аз 3000 донишҷӯи тоҷик натавонистаанд, ба Русия баргарданд ва дар ватан низ ба иллати сустӣ ва гаронии нархи интернет аз таҳсили маҷозӣ дур монданд.

“Роспотребнадзор”, як ниҳоди танзимкунандаи умури беҳдоштии Русия тартиби ворид шудани донишҷӯёни хориҷиро ба ин кишвар чунин муайян кард, ки онҳо бояд ду дафъа аз озмоиши бемории COVID-19 гузаранд.

Ташхиси аввал бояд на дертар аз 3 рӯзи пеш аз вуруд ба Русия ва ташхиси дуввум дар давоми 72 соати баъди расидан ба ин кишвар супорида шавад.

“Санадҳои тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи озмоиши COVID-19, ки то ва баъди ворид шудан ба қаламрави Русия гирифта шудааст, бояд бо забони англисӣ ва ё русӣ бошанд,”- омадааст дар қарори Роспотребнадзор. То маълум шудани натиҷаҳои санҷиши дуввум донишҷӯ бояд гӯшанишинӣ кунад.

Бо сабаби ҳамагирии коронавируси нав ва баста будани роҳу марзҳо ҳазорҳо донишҷӯ имсол натавонистанд барои идомаи таҳсил ба Русия сафар кунанд. Барои аксари ин донишҷӯён шароити таҳсили фосилавиро низ фароҳам нашудааст.

Вазири илм ва маорифи Русия, Валерий Фалков чанде пеш иқрор кард, ки 100 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ, аксаран аз кишварҳои Шӯравии пешин натавонистанд таҳсилро дар Федератсияи Русия идома диҳанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам рӯзи 5 феврал гуфт, соли гузашта 3 ҳазор ҷавони тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шуданд, вале бо сабаби баста будани марзҳо натавонистанд, ба макони таҳсилашон раванд. Ба қавли Маҳмадюсуф Имомзода, бештари донишҷӯён бояд ба донишгоҳҳои Русия ва Чин мерафтанд.

Рӯзи 11 -уми сентябри соли гузашта гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби густариши коронавируси нав имкони рафтан ба он кишварро надоштанд, дар назди бинои сафорати Русия дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷамъ омада, хостори ҳалли мушкили сафарашон шуданд.

Донишҷӯён шикоят доранд, ки суръати паст ва нархи гарони Интернет имкон намедиҳад, бахубӣ дарсҳои худро онлайн гузаранд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.