Роҳи падар: Таъсиси маркази кӯмак ба муҳоҷирон аз ҷониби фарзанди Каромат Шарифов

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Шаҳоб Шарифов, писари марҳум Каромат Шарифов аз таъсиси маркази наве бо номи “Ҳама якҷоем” хабар дод.

  • Дар ин бора дар Ютубканали Шаҳоб Шарифов наворе пахш шудааст, ки онҷо мақсад аз таъсиси ин марказ “хизмат намудан ба мардуми дармондаву бечораву овора” гуфта мешавад.
  • “Шодравон Каромат Шарифов миёни мардум аз худ номи некро боқӣ гузошту орзуҳои дилро ба хок бурд. Вале он мақсаду орзуҳо амалӣ хоҳанд гашт. Чунки хизматҳои арзандаи падарро акнун фарзанди ӯ давом хоҳад дод”,  омадааст дар навор.
  • Каромат Шарифов, раҳбари диаспораи “Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” яке аз маъруфтарин ҳомии муҳоҷирони кории тоҷик буд, ки ҳамеша аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят мекард. Ӯ чандин даҳсолаҳо дар Русия зиставу шарҳвандии ин кишварро дошт, вале соли 2017 мақомот ӯро бо баҳонаи ҳуҷҷатҳои тақаллубиаш аз Русия ихроҷ карданд.
  • Солҳои охири умрашро дар Тоҷикистон сипарӣ карда, кӯшиши барқарор кардани шаҳрвандиаш дар Русия буд, то корашро идома диҳад. Каромат Шарифов дан синни 57 солагӣ моҳи майи имсол дар Тоҷикистон даргузашт.
  • Дар Русия тибқи маълумоти расонаҳо беш аз якуним миллион муҳоҷирони корӣ ба сар мебаранд. Барои кӯмаки онҳо чандин марказҳои ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд, ки созмони таъсисдодаи шодравон Каромат Шарифов яке аз онҳо буд ва бештар ба муҳоҷирон расидагӣ мекард.

The post Роҳи падар: Таъсиси маркази кӯмак ба муҳоҷирон аз ҷониби фарзанди Каромат Шарифов appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.