Рофиева – рӯзноманигоре, ки то охир ба рисолаташ содиқ монд. ВИДЕО

Рӯзи 14 уми октябр ҷасади Мавлуда Рофиева, хабарнигори оҷонси иттилоотии “Азия Плюс” дар шимоли Тоҷикистонро зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ дар оромгоҳи шаҳри Гулистон ба хок супурданд.

Мавлуда Рофиева, хабарнигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ки бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” дар Бемористони вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар синни 56-солагӣ даргузашт. Сабаби марги ӯро ҳарчанд расман шарҳ надоданд, вале табибони беморхонаи вилоятӣ бо “Ёрии таъҷилӣ” ҷасади ӯро мустақим ба қабристони шаҳри Гулистон оварданд ва бо ҳузури пайвандонаш дафн карданд.

Дар ҳамин ҳол, наздикону дӯстонаш низ гуфтанд, ҳарчанд пештар натиҷаи ташхиси КОВИД-19-и ӯ манфӣ буд, вале рӯзҳои ахир аз сулфа ва ҳарорати баланд ранҷ мекашид. Ин хабарнигори тоҷик то рӯзи 8-уми октябр дар шабакаи “Фейсбук” фаъол буд ва ба гуфтаи наздиконаш, баъд аз он рӯз дар беморхона бистарӣ шуд.

Расулҷон Иброҳимов, шавҳари хоҳари Мавлуда мегӯяд, “ду рӯз пеш вақте ҳамсарам ба хоҳараш занг зад, дар ҷавоб навишт, ки “ман нафасам гирифта истодааст. Гап зада наметавонам. Бахшиш”. Вақте мо ба хонааш занг задем, гуфтанд, ки бале, ду рӯз пеш ҳолаш бад шуда буд ва дар шӯъбаи эҳё бистарӣ кардаанд”.

Мавлуда Рофиева аз рӯзноманигорони фаъол дар вилояти Суғд буд ва дар пӯшиши саривақтии ахбори муҳими минтақа саҳм дошт ва ҳамчунин раҳбарии намояндагии Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) дар Суғд низ ба ӯҳдаи ӯ буд.

Ӯ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дифоъ мекард ва вақтҳои охир хеле талош кард, то хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов аз маҳбас озод шавад, вале муваффақ нашуд.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъ ва яке аз дӯстони вай мегӯяд, “мо бисёр вақт бо он кас ҳамкорӣ мекардем ва махсусан мавзӯъҳое, ки ба боздошти рӯзноманигорон рабт дошт, зуд баррасӣ мекард ва иттилоъро паҳн менамуд”.

Рофиева хабарҳои марбут ба баҳсҳои марзиро пайваста дунбол мекард ва аз рӯзноманигороне буд, ки бевосита ҷараёни музокироти ҷонибҳо дар ҳалли масъалаи марз миёни Тоҷикистон бо Қирғизистонро бозтоб медод.

Неъматуллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва яке аз ҳамкорони Мавлуда, ки дар таҳияи матлабҳои марбут ба марз бо ӯ ҳамкорӣ мекард, мегӯяд, “дирӯз баъди дарёфти хабари фавташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ҳамкасбон аз ҳамсоякишварҳо низ тасаллият фиристоданд. Чунки вай дар инъикоси мавзӯъҳои марзӣ мавқеи худро дошт ва мувофиқи принсипҳои рӯзноманигорӣ истодагарӣ мекард”.

Ӯ аз соли 2005 барои “Азия Плюс” аз Хуҷанд гузориш медод ва дар ҳалли садҳо мушкили ҷомеаву минтақа матлабҳо ба нашр расонд. Мавлуда Рофиева яке аз аввалинҳо буд, ки дар бораи расидани мавҷи дуюми коронавирус ба шимоли Тоҷикистон бонги изтироб зад.

Бобоҷон Икромов, нависанда ва рӯзноманигори собиқадор мегӯяд, “пеш аз ҳама ҷасорат дошт, мавқеъ дошт. Хабарҳои ба ҳаёти ҷомеъа муҳими иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангиро кӯшиш мекард пеш аз ҳама ба хонандагонаш расонад. Бо вуҷуди он, ки имрӯз рӯзи мотами Мавлуда аст, вале ман мегӯям, ки рӯзи таваллудаш аст. Чунки ҷаҳони маргро бо ҷасорат, ногаҳонӣ ва дар танҳоӣ истиқбол кард”.

Мавлуда Рафиева моҳи декабри соли 1963 дар шаҳраки Адрасмон таваллуд шуда, дар Ҳисор ба воя расидааст. Агар умр вафояш мекард, моҳи декабр ба синни 57-солагӣ мерасид. Аз ӯ чор фарзанд ятим монд. Ду фарзанди ӯ дар Русия қарор доштанд ва субҳи 14 октябр ба маросими дафни модарашон расиданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.