Ронандаҳои ду автобус барои пойга дар хиёбонҳои Душанбе аз кор ронда шуданд

Дар Душанбе  ду ронандаи автобусро барои ташкили пойга аз кор озод карданд.   Кормандони милисия баъди нашри навори  пойгаи автобусҳо дар маркази пойтахт  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқиқ пардохтанд. Маълум шудаааст, ки ин ду ронанда барои тезтар расидан ба истгоҳ ва гирифтани мусофири бештар байни ҳамдигар сабқат карда, ҳолати садамавиро ба вуҷуд овардаанд.  Дар лаҳзаи пойга дар дохили автоубсҳо мусофирон буданд. Мақомоти интизомӣ нисбати ҳар ду ронанда  парвандаи маъмурӣ боз кардааст.  Ронандагонро  аз кор ҷавоб дода ба онҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 14,5 то 17 ҳазор сомонӣ ва маҳрум намудан аз ҳаққи ронандгӣ барои ду сол таҳдид мекунад.  Дар ин баробар, раҳбарияти корхонаи воҳиди давлатии  «Автобус-1»  ва «Автобус-2» барои назорати сусти ронандагон  ҳушдор гирифтанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.