Румони “Маликаи Саразм”. Аз ҳуввияти гумшуда то буҳрони адабиёт

Ё бардошт аз рӯмони “Маликаи Саразм”-и Шаҳзодаи Самарқандӣ

Одамизод вақте дар ғурбат ба сар мебарад, бо ҳуввияти худ бештар ошно мешавад. Ҳар хусусиёти миллии худро бо дигарон қиёс мекунад ва худро бештар мешиносад. Дар ғурбат инсон фурсати бештар андешидану ислоҳ шудан дорад. Шаҳзодаи Самарқандӣ, ки солҳост дур аз зодгоҳи худ дар Урупо зиндагӣ мекунад, дар румони “Маликаи Саразм” ба суроғи арзишҳои гумшудаи миллаташ меравад. Бо мутолиаи осори Шаҳзодаи Самарқандӣ ҳар хонанда пай мебарад, ки тӯли ин даврони дурӣ тоҷикияти ӯ ба таври комил шакл гирифтаву коҳише наёфта.

Тӯли ин сӣ соли охир мо ҳамеша ҳарф аз ҳуввият мезанем. Ҳуввият дар соддатарин таъриф эҳсосест, ки инсон нисбат ба худ дорад ва он ношӣ аз арзишҳои фарҳангиву фардӣ ва боварҳои зеҳнист. Аслитарин зарфи баёни ҳуввияти таърихӣ ва нишон додани арзишҳои фарҳангии мо адабиёти мост. Махсусан шеър, ки дар саргаҳаш шуарои равшанфикри мо меистанд. Аммо ба гумони ғолиб мо ҳуввиятро танҳо омехта бо эҳсоси баланде дар шеър ба шакли ғиноӣ сурудем. Мо дар осори худ, худро то ҳадде шиносондем, ки аз худ бедарак шудем.

 Ин бор Шаҳзодаи Самарқандӣ ба ҳуввияти тоҷикӣ дар наср даст ба кор аст. Дар румони “Маликаи Саразм” Шаҳзодаи Самарқандӣ ин дафъа бештар иҷтимоӣ меандешад. Аз ҳуввият, аз таърих, аз адабиёт, зан, ишқ, муҳоҷират ва асмоли ин. Ӯ пайи тавзеҳи арзишҳое меравад, ки барои мо тасдиқ шудаанд.

Баъд аз мутолеоти осори арзишманде тимсоли “Синдроми Стокҳолм”, “Замини модарон” ва “Регистон” ин маротиба хонанда ривояти мутафовитеро мебинад. Гӯяндаи “Маликаи Саразм” мард аст. Аммо то куҷо як нависандаи зан тавониста аз диди як мард ба воқеоти атроф дуруст баҳо диҳад? Дар ин навишта сайре мекунем ба олами тасаввуроти гӯяндаи достони нави Шаҳзодаи Самарқандӣ.


Ҳамон тавре, ки зикр кардем, мутафовиттарин хусусиёти ин румон дар қиёс ба дигар осори хонуми Самарқандӣ дар он аст, ки ровии румон ин бор мардест. Марде, ки худ адиб аст ва бо андармониҳои рӯзгор ба буҳрони эҷодӣ гирифтор аст. Қаҳрамони асар бо вуҷуди мард будан, ҷуръати ҳарф заданро дар бисёр маворид надорад. Ӯ баъзе гиреҳҳое аз арзишҳо ва боварҳои ҷомеаро барои худ во накардааст ва ҳини ошно шудан бо хонуме, ки аз Урупо омадааст, ин гиреҳҳоро оҳиста-оҳиста мекушояд.

Воқеоти румон дар шаҳри Душанбе мегузарад. Шаҳре, ки ҳамвора баҳонае пайдо мешавад, то дар борааш бигӯем. Ҳамон тавре, ки нависанда менигорад: “Душанбе шаҳри сабзу ҷавонест ва бо ин ҷавонӣ ҳофизаҳои талху ширинаш дар дили мардум хона дорад. Ба хусус бо ин тахрибгариҳо ҷавонии шаҳр турест, ки гӯйӣ ҳамин бист сол умр дошта бошад. Ҳар чи аз даврони ифтитоҳияи ин шаҳр аст, ангор қарор аст биравад зери овор ва ҷояш биное шишаӣ ба сабки Дубай баланд бишавад. Душанбе агар ин тур пеш биравад, як ду даҳаи дигар маҳалли дигаре хоҳад буд, на он ки як қарн пеш бино шуд”.

Масоили зиёди миллӣ монанди фалаҷ будани истеҳсолоти ватанӣ, аз байн рафтани арзишҳои миллӣ, буҳрони адабиёт, хориҷ кардани адибон аз сафи иттиҳодияи нависандагон, тобу будани баъзе мавзӯъҳо дар адабиёт, худсонсурӣ дар адабиёт, мақоми занҳо ва ғайра возеҳ инъикос ёфта, борикбинона тафсир шудаанд.

Бо вуҷуди он, ки гӯяндаи воқеоти румон як мард аст, аммо худи румон занмеҳвар аст. Зеро дар он ба мавзӯи зан бештар таваҷҷуҳ шудааст. Маликаи Саразм, “бозёфти аср” – муҷассамаи асп бо саворааш, ки ҷинсияташ дар румон зери баҳс аст, ҳамсари адиб, ки тафаккури омиёнае дорад ва духтари ӯ Шаҳноз, ки аз насли муҳоҷират аст ва ноновари хонадон аст, Сангин, ки хонуми огоҳу пурталошест ва ҷаҳонбинии урупоияш ҳамватанонашро ширифтзада кардааст ва хонуме, ки ба хотири нолоиқ будани осораш узвияташ аз Иттиҳодияи нависандагон бекор шудааст, як занҷираи маъноиро ташкил медиҳанд. Ин занҳо ҳар кадом ривоятҳои нақлнашудаи ҷомеаи мо ҳастанд. Ҷомеае, ки ба қавли худ ба зан мақом додааст вале ба ин мақом танҳо зане бо азму иродаи мардона бояд бирасад.

Ба ҷойгоҳи воқеии зан Шаҳзодаи Самарқандӣ аз умқи таърих мебинад. Аз замони Саразм. 5500 сол муқаддам. Замоне, ки табақабандии иҷтимоӣ шакл гирифт ва ҷомеа модаршоҳӣ буд. Бо ин амсила нависанда қудрату тавоноии занҳоро дар қиболи мардҳои ҷомеи мардсолори Тоҷикистон дар намоиш гузоштааст.

Баҳсҳо низ дар румон аз ду манбаъ тавлид мегарданд. Ду бозёфти таърихӣ. Муҷассамаи “Шоҳи суғдӣ”, ки ба атрофи ҷинсияташ баҳсҳое бо бурҳонҳое сурат мегирад ва “Маликаи Саразм”, ки ҳар ду аз кашфиёти бостоншиноси варзидаи кишвар Абдурауф  Раззоқов маҳсуб меёбанд.

Дар аснои мутолиаи румон диққати маро низ ҷинсияти “бозёти аср” – “Муҷассамаи Шоҳи суғдӣ” ҷалб намуд ва дуру дароз дар ин хусус андешидам. Ин масъала хоси илми бостоншиносист ва дар ин бахш бо порчае аз баҳси қаҳрамонони асар иктифо мекунем, зеро худи нависанда низ хулоса карданро ба ихтиёри худи хонанда гузоштааст: “Чи тур мешавад дар бораи чизе ки қарнҳо пеш сохта шуда ин қадар мутмайин буд? Бо таъаҷҷуб ва тардид пурсидам. Гӯшвора дорад ва гарданбандаш ҳам занона аст, гуфт ба гарданбанди паҳни муҷасамма, ки аз рӯйи шонаҳо то зери гӯш кашида шуда буд, ишора карда. Дуруст аст, ингуна гарданбанд ҳанӯз ҳам дар Офриқо байни занон роиҷ аст, гуфтам ниҳоятан бо ӯ ҳамфикр шуда. Аммо ҳамчунон бо тардид идома додам, боз дида будам ингуна гарданбандҳо дар гардани заноне, ки барои дароз кардани гардани худ ба унвони нишонаи зебоӣ ба кор мебаранд. Аммо далел намешавад. Дар қадим мардҳо ҳам ороишу тазйини занона мекардаанд. Агар ҳақ бо шумост, пас чиро фикр мекунанд ин мард аст? Ҳайф ки тавзеҳоти торихшиносҳоро аз даст додем. Мешуд аз онҳо пурсид, гуфтам ҳамчунон нобоварона. Ҳарчанд дилам мехост бо ӯ мухолифат накунам, аммо намехостам бовар кунам, ки торихшиносони мо ин қадар иштибоҳи фоҳиш карда бошанд ва “кашфиёти қарн” и худро аслан нашнохта бошанд.”

Ҷанбаи дигари румон думболагир ва тафсиргари ҳолати адабиёт аст. Адабиёте, ки барои адабиёт шуданаш коре анҷом нашудааст. Адабиёте, ки ба қавли худи нависанда бо хати иҷораӣ иншо шуда: “Адабиёте, ки бо хатти иҷораӣ навишта мешавад, баъид аст ки мондагор бошад. Хатти муваққатӣ мисли пистонак бар даҳони миллат аст ва то ин пистонаки хатти сириллик дар даҳон дорам, чи гуна дар баробари Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ, Мавлоно ва Саъдӣ қомат баланд кунам ва бигӯям ман аз табори шумоям”.

 Нависандаи румон, ки аз таҷрибаҳои муаррифӣ ва тарғиби адабиёт бархурдор аст, мавзӯи адабиётро дар асари бадеӣ ба қалам додааст. Шояд маҳз ин усул ҳадафрас бошад ва хонандаро ба андешидан водор созад.  Нависанда бо ин роҳ ба карахтии зеҳнӣ, ҷуръату тавони баён, дурандешӣ, бесамту сӯйии адабиёт ва бетафовутӣ нисбат ба адибро баён кардааст.

Ин бор хонандаи тоҷик шоҳиди ҷаҳонбинии нав ва воқеӣ мешавад. Мо ҷаҳонбиниро аксаран ба ҷаҳондидану огаҳӣ пайдо кардан таъриф мекунем. Ҷаҳонбинӣ ба гумони ман бо дигар тарз назар кардану дигарандеш будан аст. Барои рушанӣ мисоле меорам:

Марде бо оилаи худ дар соҳили Уқёнуси Ҳинд истироҳат мекард ва ҳодисаи сунамӣ, ин пайвандро пароканда кард. Баъд аз моҳҳо ҷустуҷӯ он мард оилаи худро пайдо кард. Дар як суҳбат хабарнигоре аз он мард мепурсад, ки аз он воқеа дар шумо чӣ таҳавуле рӯх дод? Мард гуфт, ки ҷаҳонбиниям дигар шуд. Ҳар субҳ пеш аз ба кор рафтан зану фарзандонамро гарм оғӯш мегирам ва ба умеди офияту сарҷамъии эшон ба кор меравам.

Аз ин ҷост, ки мо то ҷаҳонбинии худро иваз насозем, ба масоили иҷтимоӣ дуруст расидагӣ намекунем. Шаҳзодаи Самарқандӣ бо ҷаҳонбинии дигар менависад. Барои хонандаи мо ӯ нависандаи дигарандеш аст, ки бо тарзи дигаре тафаккур меронад.

Дар ин росто мебояд аз забон ва услуби баёни асар низ ёдовар шуд. Дар ин румон бештар аз имконоти забонии забони тоҷикӣ корбурд шудааст. Фаротар аз ҳама забони румон равону рушан аст. Барои мисол месазад ин чанд ҷумларо аз румон биёварем: “Фариштаи хоб аз чашмонам парида ва деви хокистарии шабзиндадорӣ утоқро бо домани тирааш пур карда аст. Рангҳо худро бохтаанд ва чашмонам шаффофияти диданро аз даст дода аст.”

Барои ман воқеоти ин румон хеле наздик аст. Ба аксари ин масоил шоҳид будам, шинохте аз ин ҳаводис дар зеҳнам дорам. Албатта намешавад дар як румон ҳама ин мавзӯотро мухтасар баён кард. Аммо Шаҳзодаи Самарқандӣ бо фишурдабаёнӣ ба ҳама воқеот ва падидаҳои таърихии чанд соли охири кишвар расидагӣ кардааст. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки осори Шаҳзодаи Самарқандӣ бозгӯи ҳуввияти гумшудаи мост.

Ҳусайн МАҲМУДОВ,
Маскав, 2020

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.