Русия 10 корманди сафорати ИМА дар Маскавро “персона нон грата” хонд

Русия эълон кард, ки 10 корманди сафорати ИМА дар Маскавро ба ҳайси “персона нон грата” ваё шахсони мамнӯъ-ул-вуруд ва дар посухи ҳамсон ба ихроҷи 10 дипломати рус аз Вашингтон аз кишвараш берун мекунад. Ин тасмим чанд рӯз баъди он ҳам гирифта шуд, ки ИМА барои мудохилаи Русия ба интихоботи ИМА Маскавро таҳрим кард.  Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки рӯзи 21-уми апрел ба муовини сафири Амрико дар Маскав Барт Горман нота супурда шуд ва дар он талаб мешавад, ки 10 корманди сафорат то охири рӯзи 21-уми май хоки Русияро тарк кунанд.

Дар изҳороти вазорати хориҷаи Русия гуфта мешавад, ки ин тасмим “аксулмамали онҳо ба эълони бедалели “шахсони мамнӯъ-ул-вуруд” будани кормандони сафорат дар Вашингтон ва консулгарии Амрико дар Ню-Йорк мебошад”.

Истиқрори нирӯҳои русӣ дар марз бо Украина, ҳамлаҳои рахнагарон, иддаои Ҷумҳурии Чех дар заминаи ташкили таркиши соли 2014 дар як анбори силоҳ ва зиндоникунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний, ки пеш аз ин заҳролуд карда шуд, ҳафтаҳои ахир равобити миёни Вашингтон ва Маскавро пуртаниш кардааст.

Дар як қароре, ки президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 15-уми апрел имзо кард, аз ихроҷ ва таҳрими даҳҳо шаҳрванди Русия ва ҳам дороиҳои онҳо зикр шудааст. Дар ин санад омадааст, ки ИМА Кремлинро барои амалҳои зиддиамрикоиаш ҷавобгар мекунад. Ба илова, вазорати молияи ИМА болои бозори қарзи Русия маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ кард.

Дар вокуниш Маскав таҳдид кард, ки посух хоҳад дод. Русия рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки “дар посух ба таҳримҳои ахири ғайриқонунии ИМА дар нисбати Русия иқдомҳои ҷавобӣ хоҳад гирифт”.

Мақомоти иктишофии амрикоӣ мегӯянд, ки ҳамлаи Solarwinds cyberattack, ки моҳи декабри порсол рух дод, кори дасти рахнагарони рус буд. 

Таҳримҳои ИМА инчунин посух ба дахолати русҳо ба маъракаи интихоботии соли 2020-и Амрико мебошад. Як арзёбии гурӯҳи калони иктишофии ИМА ба чунин натиҷа расидааст, ки барои ташкилу анҷоми ин ҳамлаҳои интернетӣ худи президент Владимир Путин амр додааст. Маскав ҳама гуна бадрафториро рад мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.