Русия аз ҷараёни размоишҳои пойгоҳи 201-ум дар Лоҳуру Самбулӣ хабар дод

Мақомоти Русия гуфтанд, дар пасманзари вазъи сиёсии Афғонистон воҳидҳои тирандозии ин кишвар дар кӯҳҳои Тоҷикистон машқҳои низомӣ баргузор карданд. Интерфакс аз қавли Ҳавзаи низомии марказии Русия хабар дод, ки “воҳидҳои тирандози пойгоҳи 201-уми Русия дар машқҳои низомӣ дар кӯҳҳои Тоҷикистон аз зиреҳпӯшҳои навъи БМП-2 пикапҳои сабукҳимояшавандаи душмани шартиро нобуд карданд”.

Дар хабар аз «душмани шартӣ» ба ҳайси «гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ» ёд шудааст, ки дорои пулеметҳои қавии насбшуда дар болои мошинҳо мебошад. Ба мушоҳидаи коршиносон, Русия дар хабарҳои ахираш оид ба машқҳои низомии ҳафтаҳои ахир ба таври мушаххас аз исми «душмани шартӣ» ёд намекунад ва танҳо гоҳо аз хатари «Давлати исломӣ» дар хоки Афғонистон ном мебарад.

«Толибон», ки дар Русия мамнӯъ ва террористӣ ҳастанд, дар Афғонистон аз 15-уми август  ба ин тараф Кобул ва дигар қаламравҳоро таҳти назорат нигаҳ медоранд, ва ба фарқ аз Ғарб, Русия ишора кардааст, ки эҳтимоли ҳамкорӣ бо ин низом бо шартҳои муайян вуҷуд дорад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паём додааст, ки ҳукумати кунунии кишвари ҳамсояро, ки дар он ҳуқуқи гурӯҳҳои дигари қавмӣ нодида гирифта мешаванд, эътироф намекунад.

Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки дар бораи фаъолиятҳои пойгоҳи 201-уми воқеъ дар Тоҷикистонаш хабарҳо нашр мекунад, дар бораи шурӯи размоишҳои якмоҳаи 1 ҳазор низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар машқгоҳҳои  Лоҳур ва Самбулӣ шурӯъ аз 17-уми август хабар дод. Қаблан дар размоишҳои муштарак дар Ҳарбмайдони воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд. Қарор аст моҳи сентябр инчунин машқҳои низомии кишварҳои аъзои СПАД дар Қирғизистон баргузор шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.