Русия ба иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 17 маротиба камтар аз Қазоқистон кумакпулӣ медиҳад

Пардохти кӯмакпулӣ ба ширкатдорони Ҷанги дувумӣ ҷаҳонӣ дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар Русия ба маротиб камтар аз Қазоқистону Узбекистон будааст.

Бунёди нафақаи Русия дар охири моҳи апрел гуфт, ки бахшида ба 9-уми май ба ширкатдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба андозаи 10 ҳазор рубли русӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад. Дар Узбекистон ба ширкатдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 10 миллионсӯмӣ ё муодили 86 ҳазор рублӣ мепардозанд. Дар Қазоқистон бошад, ба онҳо наздики 175 ҳазор рублии якдафъаина мепардозанд.

Расонаҳо менависанд, тафовути кӯмакпулӣ мумкин аст, ба теъдоди ширкатдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар се кишвар марбут бошад. Дар Русия дар остонаи 9 Май бештар аз 33 ҳазор кас кӯмакпулӣ хоҳад гирифт, дар Узбекистону Қазоқистон ҳазор нафарӣ.

Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бештар аз 75 соли пеш анҷом шуд. Бештари ширкатдорони он ҳоло зиёда аз 90 сол умр доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.