Русия барои сабтиноми муҳоҷирон дар ин кишвар “сабукӣ дод”

Русия иҷозат дод, шаҳрвандони хориҷӣ дар бинову хонаҳое, ки дар ин кишвар харидаанд, муҳоҷиронро сабтином (регистратсия) кунанд. То кунун шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи харидани манзил ё амволи дигарро дар Русия доштанд, вале наметавонистанд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кориро сабтином кунанд. 

Ин ҳуқуқ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар пайи тағйири қонун “Дар бораи ба қайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд дар Русия” рӯзи 7-уми сентябр ба иҷро даромад. 

Акнун аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия хона мехаранд ва ё аллакай дар ихтиёр доранд, ҳақ пайдо мекунанд шаҳрвандони дигар ё муҳоҷирони кориро дар манзили зисти худ сабтином кунанд. 

Сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар манзили зисте бо нишонии мушаххас дар Русия ҳатмист. Ин аст, ки то кунун аксар муҳоҷирон бо пардохти як миқдор маблағ худро дар хонаҳои шаҳрвандони Русия сабтином карда, дар асл дар дигар ҷо зиндагӣ мекарданд. 

Навгонии охир, ба гуфтаи ҳомиён ҳуқуқ, имконияти муҳоҷирони кориро дар дарёфти сабтином бештар мекунад ва шароити будубоши қонунии онҳоро дар Русия фарохтар месозад. 

Мувофиқи омори пешкашкардаи “Росреестр”, идораи сабтиноми амволи ғайриманқул дар Русия, шумори хориҷиҳое ки дар ин кишвар хона ва ё бино мехаранд, рӯ ба афзоиш аст. Ба иттилои ин идора, дар ҳафт моҳи соли 2020 беш аз 20 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар Русия хона харидаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.