Русия бо $500 млн бандари низомии Сурияро бозсозӣ мекунад

Муовини сарвазири Русия дар умури саноати дифоӣ Юрий Борисов гуфт, кишвараш бо 500 миллион доллар бандари Тартуси Сурияро замонавӣ месозад. Ҳамчунин дар давоми чор соли оянда бо ин маблағ дар Сурия бандари нав бунёд мешавад.

Москва ва Димишқ ду сол пеш созишномаеро имзо карданд, ки иҷозат медиҳад, нуқтаи таъминоти моддиву техникии Нерӯҳои дарёии Русия дар бандари Тартуси Сурия ба муҳлати 49 сол ҳузур дошта бошад. Моҳи сентябри соли равон дар бандари мазкур маркази таъмири киштиҳо таъсис ёфт. Баъди замонависозии Тартус дар он то 11 киштӣ ҷойгир мешавад.

Кумитаи умури байналмилалии Сенати Амрико 12 декабр маҷмуи қонунҳоеро таҳия кард, ки сахттар кардани таҳримҳоро зидди Русия дар робита ба фаъолиятҳояш дар Сурия пешбинӣ мекунад. Қонунҳо шомил кардани як қатор ширкату шаҳрвандони Русияро ба рӯйхати таҳримшудаҳо пешбинӣ мекунад.

Қонунҳо баъди таъйид шудан аз сӯи ҳар ду палатаи Конгресс ва президенти ИМА Доналд Трамп ба иҷро медароянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.