Русия дигар бо издивоҷи қалбакӣ шаҳрвандӣ намедиҳад. Акнун ба киҳо шаҳрвандӣ медиҳанд?

Рӯзи 5 апрел Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия»-ро дар хониши аввал қабул кард. Чаро кабули конуни нав зарур аст ва он чӣ гуна тагйиротхоро дар бар мегирад?

Гуфта мешавад, ки зарурати қабули тағйироти нав дар қонун, бо ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии умумирусиягӣ дар соли 2020 алоқаманд аст.

Лоиҳаи қонун ҳамчунин ба татбиқи пайвастаи Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатии Русия барои солҳои 2019-2025 нигаронида шудааст.

Чӣ тағйиротҳо ба амал омад?

Тибқи санади № 49269-8, коҳиши талабот ба беш аз 20 тоифаи шахсон ҳангоми ба шаҳрвандии Федератсияи Русия қабул шудан, пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ин санад, “шаҳрвандии Федератсияи Русия ба шахсоне дода мешавад, ки забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русияро медонанд, Конститутсияи Федератсияи Русияро риоя кунанд ва ба амният, бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқии Федератсияи Русия таҳдид накунанд.

Ин амал зарурати мутобиқ кардани шахсе, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат мекунад, ба зиндагӣ дар ҷомеаи Русияро ба назар мегирад”.

Чун дар таҳрири қаблии ин лоиҳаи қонун сухан дар бораи шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, фарзандони онҳо, иштирокчиёни барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта ба Русия, меравад.

Ба шумораи шахсоне, ки барои ба таври сода гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуқуқ доранд, нафароне ҳам дохил мешаванд, ки дар Русия хешовандони наздикашон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Шахсоне, ки хешу таборашон дар худуди Русия ё СССР (ба сарҳади давлатии Русия тааллуқдошта) доимӣ зиндагӣ мекунанд, низ метавонанд ба таври сода, бе гузаштан аз имтиҳони донистани забони русӣ, шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.

Ҳамчунин шахсонеро, ки то 6 феврали соли 1992 дар Россия (худуди РСФСР) таваллуд шудаанд; шахсоне, ки ақаллан яке аз падару модаронашон дар рӯзи таваллуди онҳо шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар қаламрави Русия (қаламрави РСФСР) ба таври доимӣ истиқомат мекард; хизматчиёни харбие, ки ба СССР ё ФР савганд ёд кардаанд ва то 6 феврали соли 1992 дар кисмхои харбии тобеи ФР хизмат кардаанд.

Доштани шаҳрвандии хориҷӣ барои рад кардани эътирофи ин шахсон ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия асос буда наметавонад.

Салоҳиятҳои президенти Русия васеъ мешаванд

Бино ба гузориши Интерфакс, салоҳияти раисиҷумҳури Русия барои таъйини тоифаҳои афроде, ки барои ба таври сода гирифтани шаҳрвандии Русия ҳақ доранд, тибқи ин санад, тавсеа хоҳад ёфт.

Президенти Русия метавонад категорияи ин гуна шахсонро на танҳо бо мақсадҳои башардӯстона, балки барои ҳама гуна мақсадҳои дигар низ муайян кунад. Ба инҳо, аз ҷумла, шаҳрвандони Белорус, Украина, Молдова ва Қазоқистон, ки дар қонуни амалкунанда «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия» зикр шудаанд, инчунин шахсони дигар метавонанд дохил шаванд.

Дар баробари ин пешниҳод мешавад, ки танҳо қабул ба шаҳрвандии Федератсияи Русия ба таври истисно ва равона намудани он ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрвандони собиқ СССР будаанд; шахсоне, ки назди ФР хизматҳои махсус доранд, инчунин шахсоне, ки аз рӯи касб ё тахассуси худ ё бо сабабҳои дигар барои Федератсияи Россия манфиатдор мебошанд, ба ихтиёри президенти Русия гузошта шавад.

Нисбат ба дигар категорияҳои шахсон, ба Вазорати корҳои дохилии Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳуқуқи қабули қарор оид ба масъалаи шаҳрвандии Русия дода мешавад.

Бо никоҳи қалбакӣ дигар шаҳрвандӣ намедиҳанд

Барои истисно кардани бастани ақди никоҳҳои қалбакӣ байни шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Федератсияи Русия бо мақсади ба даст овардани шаҳрвандии Русия, гирифтани шаҳрвандии Русия танҳо дар ҳолатҳое пешбинӣ шудааст, ки дар издивоҷ кӯдаки умумӣ, аз ҷумла фарзандхондашуда мавҷуд бошад.

Қатъи шаҳрвандӣ

Ҳоло ба ҷойи бекор кардани қарорҳо дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ, институти қатъи шаҳрвандии Федератсияи Русия ҷорӣ карда мешавад.

Қатъ кардани шаҳрвандии Русия бо чунин асосҳо ба монанди содир кардани ҷиноят, истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ирсоли маълумоти бардурӯғ бояд ҳатман бо президенти Русия  мувофиқа карда шаванд.

Лоиҳаи қонун барои даҳ сол муқаррар кардааст, ки пас аз он тасмим дар бораи қатъи шаҳрвандии Федератсияи Русия дар робита ба қонуншиканиҳое, ки дар ҷараёни қабул ба шаҳрвандии  Русия содир шудааст, ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, ниҳоди барқарорсозии шаҳрвандии Русия барҳам дода мешавад. Яъне, агар шумо онро гум кунед, дубора барқарор карда наметавонед.

Барои кадом ҷиноятҳо шаҳрвандиро қатъ мекунанд?

Лоиҳаи қонун номгӯи ҷиноятҳоеро васеъ мекунад, ки содир шудани онҳо боиси қатъи шаҳрвандии Федератсияи Русия мегардад.

Дар қатори ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ба ин рӯйхат баъзе ҷиноятҳои вазнини зидди давлат, инчунин ҷиноятҳо дар соҳаи гардиши маводҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дохил карда шудаанд.

Даромадро тасдиқ кардан лозим нест

Навоварии дигаре, ки метавонад ҳамватанони сершумори моро, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, шод гардонад, ин аст, ки ба довталабон дигар лозим нест, ки даромади қонунии худро исбот кунанд.

Қонун дар давоми 180 рӯз пас аз нашр эътибор пайдо мекунад. Дар ин муддат омода кардани 25 санади меъёрии ҳуқуқие, ки онро ҳамроҳӣ мекунад, лозим аст.

Сообщение Русия дигар бо издивоҷи қалбакӣ шаҳрвандӣ намедиҳад. Акнун ба киҳо шаҳрвандӣ медиҳанд? появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.