Русия эълон кард, ки нерӯҳояшро аз Қрими ишғоли берун мекунад

Мақомоти рус гуфтаанд, ки нерӯҳои низомиашонро аз Қрими ишғолӣ берун мекунанд.

Чанд ҳафтаи ахир Русия дар ин минтақа ва дар марз бо Украина низомиёни зиёд фиристод, ки нигарониҳои ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард.

Рӯзи 23-уми апрел Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия гуфт, тамрини омодагиҳои низомӣ анҷом ёфт ва нерӯҳо аз марз ба ҷойи доимиашон баргардонида мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, бояд то 1-уми май пурра онҳо аз ин минтақа берун шаванд.

Як мақомдори амрикоӣ ба хабаргузории Ройтерз бо шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ки воқеан хуруҷи бархе аз низомиёни рус аз минтақа мушоҳида мешавад, вале ҳанӯз барои хулоса кардан барвақт аст.

Ӯ гуфтааст, ин эълон шояд барои тасаллӣ додан бошад, ки кифоя нест.

Мақомдори амрикоӣ гуфтааст, вазъро аз наздик пайгирӣ доранд.

Ҳузури неруҳои Русия дар марзи Украина замоне афзоиш ёфт, ки миёни ҷудоихоҳон ва нерӯҳои ҳукуматии ин кишвар задухӯрдҳо авҷ гирифт.

Дар Украина миёни ҷудоихоҳон ва нерӯҳои ҳукуматӣ аз соли 2014 задухӯрд давом дорад ва то имрӯз беш аз 13000 нафар кушта шудааст. Кишварҳои ғарбӣ Маскавро барои пуштибонӣ аз ҷудоиталабон ва дахолат ба умури дохилии Украина интиқод мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.