Русия гуфт, азсаргирии парвозҳо ба Тоҷикистон ба вазъи эпидемиологӣ бастагӣ дорад

Русия мегӯяд, масъалаи азсаргирии ҳаракати нақлиёт бо Тоҷикистон “вобаста ба вазъи эпидемиологию санитарӣ” баррасӣ мешавад. Дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар посух ба номаи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо дар ҷараёни кори комиссиюни байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистону Русия масъалаи азсаргирии парвозҳову ҳаракати қатор миёни ду кишвар ҳаллуфасл шудааст, гуфт, “ин масъала дар ихтиёри ситоди изтирории ҳукумати Русия мебошад”. Елизавета Туришева, сухангӯи ин вазорат дар посухи катбиаш рӯзи 10 феврал гуфт, “ҷонибҳо ба боз шудани ҳаракати нақлиёт манфиатдор ҳастанд. Айни замон, ин масъала вобаста ба вазъи эпидемиологиву санитарӣ баррасӣ мешавад”.

Бо сабаби маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус аз баҳори порсол ҳаракати қатор ва ҳавопаймои маъмулии мусофирбар миёни Русия ва Тоҷикистон манъ шуда, танҳо парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо аз Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ватан интиқол медиҳанд. Рӯзи 9-уми феврал дар поёни ҷаласаи дурӯзаи комиссиюни байниҳукуматӣ дар Маскав ҳукумати Русия бо нашри изҳороте гуфт, ки қарор шуд барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон ба ин кишвар ҳайати мутахассисон ирсол шавад. Тоҷикистон пойфишорӣ дорад, ки тақрибан ду моҳи ахир ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин изҳоротро бисёриҳо шубҳабарангез меноманд ва зоҳиран мақомоти Русия ҳам ба он чандон эътимод надоранд.

Узвият дар Евразес баррасӣ нашудааст?

Вазорати иқтисоди Русия дар посух ба дигар саволи Радиои Озодӣ гуфт, айни замон ҳеҷ музокироте дар заминаи узвияти эҳтимолии Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷараён надорад. Ин дар ҳолест, ки бархе матбуоти русӣ дар остонаи сафари Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати кишвар дар комиссиюни муштарак бо Русия навиштанд, ки мавзӯи узвияти Душанбе дар ин созмон яке аз масоили мавриди баррасӣ хоҳад буд. Туришева мегӯяд: “Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои пазириши аъзои нав омода аст. Агар раҳбарияти Тоҷикистон тасмим гирад, ки ба ин созмон бипайвандад, муқаррароти муайяне вуҷуд дорад, ки марбут ба ҳама кишварҳои узви созмон аст. Феълан ин масъала мавриди музокира қарор надорад”. Тоҷикистон то ҳол гуфтааст, ки пешниҳоди Маскав барои узвият дар ин созмони иқтисодиро андеша дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, узвият дар ин ташаккули зери назари Русия дар имкониятҳои иқтисодиву гумрукии Тоҷикистон маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.