Русия гуфт, вобаста ба рафтори Толибон амал мекунад

Кремлин гуфт, ки интизор мемонад то бубинад, ки Толибон баъди гирифтани қудрат чӣ гуна рафтор мекунанд ва баъди ин  мавқеашро нисбати ин гурӯҳи ҷангӣ баён мекунад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин рӯзи 26-уми август дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ки Русия манфиатдори сулҳу субот дар Афғонистон аст ва ҳамкориашро бо ИМА дар заминаи масоили Афғонистон идома медиҳад. Песков гуфт, “аз назари мо, бартарии Толибон ва сари қудрат омадани онҳо дар Афғонистон воқеиятест, ки рух додааст”. Ӯ афзуд: “Бовар дорем, ки мо бояд қадамҳои Толибонро аз назари таъмини қонунияту тартибот ва амнияти мардум, пеш аз ҳама шаҳрвандони Афғонистон, амнияти дипломатҳои Русия ва кормандони дипломатӣ, ки барои мо бисёр муҳим аст, аз наздик мушоҳида кунем”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.