Русия мехоҳад аз интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон андоз ситонад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар Ҳукумати Русия тарҳи ситонидани фоиз аз интиқоли фаромарзии пул аз ҷониби шахсони воқеъӣ барррасӣ мешавад, ки бар асоси он аз интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик маблағи иловагӣ ситонида хоҳад шуд. 

  • Ба иттилоъи “Известия” ин нукта аз протоколҳои мулоқот бо муовини якуми роҳбари дастгоҳи Девони Вазирон Валерий Сидоренко бармеояд.
  • Дар ин санад гуфта мешавад, ки ба Вазорати молия супориш шудааст, то имконияти ҷорӣ кардани комиссияро барои интиқоли фаромарзии шахсони воқеӣ ба андозаи то 1% таҳия кунад. Мӯҳлати иҷрои супориш то 11-уми июн нишон дода шудааст.
  • Айни ҳол ҳангоми интиқоли маблағ низомҳои пардохтӣ ва бонкҳо то  2% -ро ҳаққи хизмати худ мегиранд, вале он метавонад боз 1% зиёд гардад, ки барои муҳоҷирони корӣ сарбории иловагӣ хоҳад буд.
  • Дафтари матбуоти Вазорати молия ба нашрия гуфтааст, ки “дар ин бора ягон қарор қабул нашудааст”. Дар Бонки марказии Русия  гуфтаанд, ки ин ташаббус аз ҷониби Бонки Русия нест, аммо таҷриба собит сохтааст, ки талошҳои ситонидани маблағ аз муҳоҷирони корӣ ва талоши танзими бештари муҳоҷират дар ҳукумати Русия тақрибан ҳамеша муваффақ шудаанд.
  • Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия , ҳаҷми умумии интиқолҳо ба хориҷа дар соли 2020 ҳудуди 40 миллиард долларро ташкил додааст, яъне ба будҷаи ин кишвар метавонад ба таври илова тақрибан 30 миллиард рубл ворид шавад.
  • Бар асоси маълумоти ҳамин ниҳод, аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 1,7 млрд. доллари ИМА интиқол ёфтааст, ки нисбат ба солҳои гузашта камтар аст. Ҳаҷми миёнаи як интиқол нисбат ба солҳои пештар низ камтар шудааст.
  • Ин ташаббус ҷои ҳайрат дорад, зеро мақомоти мухталафи Русия бо шумули президенти Русия пай ҳам аз нарасидани то 2 миллион нерӯи корӣ дар сохтмонҳои кишвар ва ҷалби ҳарчи зудтару осонтари муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои собиқ шуравӣ изҳорот медиҳанд.

The post Русия мехоҳад аз интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон андоз ситонад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.