Русия мехоҳад дар Тоҷикистон шӯъбаи Маркази муҳоҷиратро боз кунад

Русия ният дорад дар қаламрави Тоҷикистон шӯъбаи Маркази муҳоҷиратро боз кунад. Кирилл Пуртов, роҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав бо нашри ин хабар гуфт, дар бораи таъсиси чунин марказҳо дар Тоҷикистон бо масъулони Вазорати меҳнату муҳоҷират санадеро имзо карданд. Пуртов гуфтааст, “тақрибан 40 дарсади патенте, ки дар Маскав дода мешавад,  ба муҳоҷирони кории тоҷик дахл дорад. Асосан онҳо дар корҳои рӯбучини кӯчаву хиёбонҳо ва сохтмон машғул мебошанд. Дар ин марказҳо қарор аст маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Маскав нашр шавад ва баръакс кордиҳандагони Маскавро оиди мутахассисони корҷӯ аз Тоҷикистон огоҳ мекунад. Ҳамчунон як вазифаи дигари ин марказ машваратдиҳӣ ба муҳоҷирони корӣ ва таҳияву танзими дурсти ҳуҷҷатҳои онҳо ҳангоми сафар ба Русия хоҳад буд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.