Русия пешниҳоди мизбонии гуфтугӯҳо бар сари муноқишаи Қарабоғи Кӯҳиро дод

Владимир Путин ва Эммануэл Макрон, президентҳои Русия ва Фаронса хостори қатъи фаврии даргириҳои низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ шуданд.

Дафтари раёсати ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбеи 1-уми октябр хабар дод, ки Путин ва Макрон ҳамчунин зимни ин гуфтугӯ ба зарурати ҳаллу фасли ин муноқиша аз роҳҳои дипломатӣ таъкид карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди сахттар шудани даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ, Озарбойҷон ва Арманистон дархостҳои байналмилалӣ барои оташбас ва оғози музокиротро рад карданд.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, ки “хуруҷи фаврӣ ва бе қайду шарт”-и артиши Арманистон аз Қаробоғи Кӯҳӣ, танҳо шарти поёни ҷанг мебошад.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба пурсиш дар бораи эҳтимоли кӯмаки низомӣ ба Озарбойҷон гуфт, Туркия ҳар ончӣ зарур бошад, анҷом хоҳад дод.

Мавлуд Човушоғлу дар идома аз мавзеъгириҳои Фаронса дар баробари даргириҳои ахир интиқод карда ва гуфтааст, ибрози ҳамбастагии Фаронса бо Ереван ба маънои ҳимояти Порис аз ишғоли Озарбойҷон аз сӯи Арманистон аст.

Эммануэл Макрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни сафари худ ба Литва гуфт, суханони “ҷангталабона”-и Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба тасарруфи Қарабоғи Кӯҳӣ ташвиқ мекунад ва ин ғайри қобили қабул аст. Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки дар ин марҳила далеле аз ҳузури мустақими Туркия дар саҳнаи ин ҷанг надорад.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аз омодагии Маскав барои мизбонии нишасти вазирони умури хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон барои ҳаллу фасли муноқиша байни ду тараф хабар додааст.

Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, Сергей Лавров тамосҳои телефонии ҷудогона бо вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва вазири умури хориҷии Арманистон доштааст.

Нерӯҳои ҷудоиталаби арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ мегӯянд, ки дар чаҳор рӯзи гузашта 84 нафар аз нерӯҳои низомиашон кушта шудаанд. Дар ҷангҳои ахир аз ҳар ду тараф беш аз 100 нафар ҷон бохтаанд.

Ду кишвар аз солҳо ба ин тараф бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳам ихтилоф доранд. Ин минтақа, ки аксарияти аҳолиаш арманиҳо мебошанд, бахше аз хоки Озарбойҷон аст ва аз замони поёни ҷанг дар соли 1994 дар назорати Арманистон қарор дорад. Ду тараф ҳамон сол созишномаи оташбас имзо карданд, амо ин паймон низ ба ихтилофи ду кишвар поён надод.

Талошҳои чандсолаи байналмилалӣ барои поён додан ба ин буҳрон то ба ҳол бенатиҷа мондааст. Бо ин, ки ин оғози ин бӯҳрон 32 сол мегузарад, муноқиша ҳамчунон идома дорад ва ҳудуди 30 ҳазор нафар дар ин муддат кушта шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.