Русия садҳо муҳоҷири узбекро аз фурудгоҳаш пасгардонд 

Дар фурудгоҳи шаҳри Москва тақрибан ба 500 муҳоҷири корӣ аз Узбекистон иҷозат намедиҳанд, ки вориди Русия шаванд. Муҳоҷирон 3-4 рӯз мешавад, дар минтақаи транзитии фурудгоҳ қарор доранд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, марзбонони рус танҳо ба узбекистониҳое иҷозати вуруд додаанд, ки шаҳрвандии Русия ё ҳаққи будубоши муваққат дар он кишварро доранд.

Муҳоҷирони дармонда бо масъулони сафорати Узбекистон тамос гирифтаанд, вале то ҳол мушкили онҳо ҳал нашудааст.

Раҳбари намояндагии Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон дар Русия Саиднуъмон Мансуров гуфт, вазъ таҳти назорати онҳост. Ба гуфтаи Мансуров, муҳоҷирони узбекистонӣ дар талоши вуруд ба Русия тавассути санади сохтаи тиббӣ айбдор мешаванд.

“Аз нигоҳи қонунӣ, дар ҳақиқат шаҳрвандони мо мехостанд, бо санади тақаллубии тиббӣ ба Русия ворид шаванд. Ин ҷиноят аст. Наход онҳо инро надоданд?! Онҳо дидаву дониста санадро харидаанд. Пас инҷо кӣ гунаҳкор аст? Мо ба марзбонони фурудгоҳ вазъро фаҳмондем ва хостем, муҳоҷиронро ба ҷавобгарӣ накашанд. Ҳоло бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ масъалаи баргардонидани онҳоро ба ватан баррасӣ дорем”, – изҳор дошт Мансуров.

Ба огаҳии Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон, ин муҳоҷирони корӣ аз ҳисоби худ ба ватан баргардонида мешаванд. Дар ҳоле ки муҳоҷирон мегӯянд, барои баргашт ба ватан дигар пул надоранд.

Русия ба иллати пандемияи коронавирус вуруди шаҳрвандони хориҷиро то 15 январи соли 2021 манъ кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.