Русия ва чор кишвари Осиёи Марказӣ дар марз бо Афғонистон машқи низомӣ баргузор мекунанд

Бо ташабусси Вазорати мудофиаи Русия, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд.

Тибқи иттилои нашрияи “Известия” силсилаи машқҳои муштараки низомӣ аз моҳи август то сентябри имсол идома хоҳанд кард. Нерӯҳои кишварҳо амалиёти ҷангиро дар сурати убури марз аз ҷониби аъзои гурӯҳи Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ тамрин хоҳанд кард. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин муқовимат ба бесубот кардани авзоъ дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон равона карда мешавад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳороти рӯзи 4-уми июл гуфта буд, ки Толибон беш аз 900 километр хатти марзи Афғонистон бо ин кишварро дар ихтиёр гирифтаанд. 

Дар як моҳи ахир бори панҷум аст, ки низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд. Теъдоди низомиёни паноҳанда аз 1500 нафар бештар шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, фирориёнро “бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ” қабул карданд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.