Русияро нимтанаҳои футболбозони украинӣ ба хашм овард

Муаррифии футболка ё нимтанаи аъзои Эътилофи футболбозони Украина мояи хашми Русия шуд, чун дар рӯи он хатҳои марзи  Украина ба иловаи нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим ва ҳам шиорҳои ватандӯстона дарҷ шудааст.  Ин нимтанаҳо барои  Ҷоми Аврупо дӯхта шудаанд, ки имсол аз 11 июн то 11 июл дар 11 шаҳр, аз ҷумла Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Ин мусобиқа бо сабаби пандемияи коронавирус соли гузашта барпо нашуд.

Андрий Павелко, президенти Федератсияи футболи Украина дар Фейсбуки худ гуфт, ки бозигарони украинӣ “либоси махсус” ба бар мекунанд ва акси нимтанаҳои зарду кабудранги ҳамранг бо парчами Украинаро нашр кард. Дар рӯи ин нимтанаҳо харитаи Украина, инчунин минтақаҳои Донетску Луҳанск ва ҳам шиорҳои “Зинда бод, Украина!” ва “Зинда бод, қаҳрамонҳо!” ифода шудааст. Ин шиорҳо рамзи муборизаи Украина барои истиқлолият мебошанд. Дар изҳороти сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова нимтанаҳо танқид шудаанд. Захарова гуфтааст, ки тими футбол “қаламрави Украинаро ба Қрими Русия часпондааст”. Захарова гуфт, ки шиорҳои дар рӯи нимтанаҳо навишташуда  нидоҳои издиҳоми даврони нозии Олмонро ба ёд меорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.