Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона-музейи Айнӣ тахрибу кӯчонда нашавад

Тоҷикистон ба интиқоди Амрико дар бораи нақзи озодиҳои динӣ вокуниш кард

Кумитаи дини Тоҷикистон ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии ИМА, ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ қарор дод, вокуниш кард.

“Мо борҳо дар мавриди чунин арзёбиҳо мавқеи худро баён кардаем ва такроран баён медорем: ин гуна баҳогузорӣ чандон мунсифона ба назар намерасад ва он баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест”, – гуфтааст Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ин ниҳод барои рафъи чунин сӯитафоҳум гузоришгарони вижаи СММ дар умури динро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то онҳо ҳузурӣ ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳои воқеӣ диҳанд.

Рӯзи гузашта, 18 ноябр, Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико зимни муаррифии гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи озодиҳои динӣ аз 10 кишвари “поймолкунандаи ҳуқуқи динӣ” ном бурд.

Қоидаи нав: Русия аз муҳоҷирон пешниҳоди ду шаҳодатномаи тиббиро талаб мекунад

Қарор дар бораи ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаҳои мавҷуд набудани сирояти ВНМО аз ҷониби муҳоҷирони корӣ метавонад бар асоси лоиҳаи таҳиякардаи ин ниҳод аз 29 декабри соли 2021 иҷроӣ шавад.

Илова бар ин аз муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки беш аз 90 рӯз дар Русия иқомат мекунанд, ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи нашъаманд набудани онҳо тақозо мешавад.

Дар лоиҳа зикр шудааст, ки шаҳодатномаҳоро шаҳрванди хориҷӣ метавонанд ба шуъбаи муҳоҷират пешниҳод кунанд.

Муҳоҷирон метавонанд ҳамчунин шаҳодатномаҳои мавҷуд набудани ВНМО ва нашъамандиро ба корхона ё ба ташкилоти ваколатдор супоранд.

Инчунин шаҳодатномаҳоро метавон дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо истифода аз “Госуслуг” ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия фиристод. Дар давоми як рӯз муҳоҷир дар бораи қабули онҳо огоҳиномаи электронӣ мегирад.

Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона-музейи Айнӣ тахрибу кӯчонда нашавад

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, хона-музейи Садриддин Айнӣ кӯчонда ё тахриб намешавад.

Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ буда, хабари кӯчондани он боиси норозигии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа гардид.

Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки Рустами Эмомалӣ бо назардошти пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дастур додааст, ки хона-музей тахриб нашуда, ҳифзи минбаъдаи он таъмин шавад.

“Ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад”, – омадааст дар иттилоия.

Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Душанбе фиристоданд

Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар пайи оташ зада шудани вагоне дар деҳаи Заларии вилояти Иркутски Русия ҷон бохтанд, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Насимҷон Сайдалӣ 21-сола ва Сироҷиддин Гулзода 19-сола буданд. Ҳодиса шаби 12-уми ноябри имсол рӯй дод.

Мақомоти Русия гуфтанд, вагони зисти муҳоҷирон дар деҳаи Заларии Иркутск аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ зада шудааст ва бар асоси “куштор бо бераҳмии хос” парванда кушоданд. Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, дар пайванд ба ҳодиса се нафар дастгир шудаанд.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, рӯзи 19-уми ноябр гуфт, барои фиристодани тобути муҳоҷирон давоми як ҳафта санад омода карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҳалле, ки ҳодисаи охир рӯй дод, 15 муҳоҷир зиндагӣ мекарданд ва то кунун беш аз даҳ нафари онҳо бозпурсӣ шуда, се кас ба “ташкили низоъ” гумонбар ҳастанд.

Шартҳои “Толибон” барои либоси занон: “либоси нозук напӯшед ва барҷастагиҳоятонро намудор накунед”

Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти “Толибон” дастури наве барои занони Афғонистон содир кардааст, ки чӣ гуна метавонанд либос бипӯшанду чӣ гуна либос пӯшидан мумкин нест.

Ба иттилои шабакаи “Тулуънеюс” ин вазорат гуфтааст, ки занони мусалмон ҳақ доранд аз зоҳири ороста баҳраманд шаванд, аммо ҳақ надоранд худнамоӣ кунанд.

Ин ниҳоди толибон, дар дастуре, ки рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр барои хутбаҳои намози ҷумъа содир кардааст, гуфтааст, ки ҳеч зане ҳақ надорад дар пеши мардон худнамоӣ кунад.

“Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад”,-омадааст дар ин дастур.

Ин вазорат пӯшонидани сурати занонро фарз хонда ва гуфтааст, ки риояти ҳиҷоб аз зоеъ шудани неруи фикрӣ ва кории ҷавонон ба унвони  сутунфуқароти ҷомеа (қишри муҳими ҷомеа) ҷилавгирӣ мекунад.

Сообщение Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона-музейи Айнӣ тахрибу кӯчонда нашавад появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.