Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар бораи Рӯзи матбуоти тоҷик ва қадри журналист

Замон, замони номардӣ…

Соли 2013-ум рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро, мақомоти интизомии Тоҷикистон дар вилояти Сӯғд, бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми (НИҲОЯТ КАЛОН) чорсад (400) СОМОНӢ, ба муддати 10 солу 6 моҳ, пушти панҷара, зиндониаш карданд…

Соли 2019-ум бошад, як ҷавони корчаллон (мошенник не), бо номи Шаҳбоз Раҷабзода, ки бедиплом дар мақомоти гумрук ба кор даромада, давоми ҳамагӣ 1 солу 8 моҳи фаъолияташ дар мақоми раҳбари яке аз нуқтаҳои гумрукии муҳими пойтахт тавонист, соҳиби се хона (сетоякак), (чандтоякак) мошинча шаваду дар ин муддати хеле кӯтоҳ, аз як лейтенанти оддӣ то рутбаи (на он қадар калони) подполковникӣ (!) расаду бинобар гуфтаи Президент ӯ тавониста дар ин муддати кӯтоҳ то 16 маротиба(якак) ба хориҷи кишвар сафар кунаду чандин миллион (акак) долларро аз ҳудуди Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварад, танҳо (ба хотири ҷавон буданаш) бо як огаҳии КАЛОН дар шоҳидии ҳамаи сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти гумрук, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд…

Вақте имрӯз дар Рӯзи матбуоти тоҷик хабареро аз пайвандони Муҳаммадюсуф Исмоилов дар фейсбук дидам, ки дар он хабар пайвандони Муҳаммадюсуф Исмоилов, ин бечораҳои бесаробонмонда, аз мардуми хайрхоҳ кӯмаки молиявӣ талаб доранд, сахт нороҳат шудам, ончунон асабӣ шудам, ки…

Ана ба шумо АДОЛАТ!!!
Мана ба шумо Ҳақиқат!!!

Номард бошеду … зинда не! МУРЕД БО ҲАМИН РӮЗАТОН!!!

Магар ҳамин аз рӯи адолат аст, ки 8 сол боз рӯзноманигоре, ҷавонмарде, ки кӯдаконаш ҳаҷри дӯрӣ аз падар мекашанду мӯҳтоҷи як бурда нонанд, бо иттиҳоми сохтаву бофта, гӯё ба хотири навиштани мақолае аз касе 400 сомон пора гирифта бошад, пушти панҷара нишастаасту ҳарромхӯре мисли Шаҳбоз Раҷабов ба хотири “ҷавон будан”-аш кайфу сафо карда дар озодӣ гардад?

Ақалан, дар ҳамин Рӯзи матбуоти тоҷик, то инқадар ба журналистон ордену медалу пулу гулу грамотаҳои 3 сомона додан, ҳамин марди ҷафокашидаро раҳо мекардед мемурдед?

Журналист ба хотири 400 сомонӣ пора гирифтан, то соли 2022 мунтазири адои мӯҳлати ҷазо, дар “турма” даааммм гирифта истодаасту…
Шаҳбозҷон баъд аз ТАНБЕҲИ САААХТ, азоби вазнини рӯҳӣ кашида, бо дили нохоҳам, акнун ба кори дигар гузаштааст…

Оббоооо…
Ана ба ту ГУМАНИЗМ-у(инсондӯстӣ).
Мана ба ту ВОЛОИЯТИ қонун….

Дуои мазлумон дуои сахт аст, аз он ҳазар кунед:

Ҳазар кун, зи дӯди дарунҳои реш,
Ки оҳе ҷаҳоне ба ҳам бар занад!!!

Худои ман, Ту онқадар сабри бузурге дорӣ?!

Аҷаб сабре Худо дорад, аҷаб сабре Худо дорад,
Агар ман ҷои Ӯ будам, ҳамон як лаҳзаи аввал,
Ки аввал зулмро медидам аз махлуқи бевиҷдон.
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ барои якдигар вайрона месохтам…
Аҷаб сабре Худо дорад, аҷаб сабре Худо дорад…

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.