Рӯзноманигор Зафари Суфӣ дар бораи фоҷеаи зиндони кардани пирмарди 87-сола

Фоҷеа чист?
Чи ранге дорад?
Фоҷеа онест, ки як пирмарди 87 соларо ба хотири ёрӣ ба дигарон 5 сол маҳкум ба зиндон мекунанд.
Фоҷеа онест, ки ҷомеа ин даҳшатро мебинаду сукут ихтиёр карда. Ҳоло ҳар тавҷеҳе биоваранд, ҳар баҳонае пеш бикашанд, ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест.
Фоҷеа ранги бетаваҷҷуҳӣ ва бӯи тарс дорад.
Симои фоҷеа номардист. Ранги фоҷеа сиёҳ, таъми фоҷеа талх ва моҳияти фоҷеа бераҳмист.
Умри фоҷеа то замонест, ки мо ба ҳамдигар ба сифати ҳаммиллат ва ҳамқисмат бингарем. Дидгоҳамон бар пояи муҳаббат ба ҳамнавъ бошад.
Умри фоҷеа то замонест, ки ба зуҳури он на аз даричаи манфиатҳои чиркини шахсиву гурӯҳиву маҳаллӣ бингарем, балки бар ин бовар бошем ва аз ин дидгоҳ вокуниш бикунем, ки беадолатӣ кучаку бузург намешавад.
Имрӯз сокини ноҳияи Рудакӣ, як пирмарди 87 сола, Дониёр Набиев, маъруф ба Бобои Донаро дар камоли шақоват ва ба дур аз оини инсонӣ 5 сол зиндон карданд, пас фардо ҳар касеро метавонанд бо ҳар баҳона ва аслан бе ҳеч баҳона ҳам маҳкум ба зиндон кунанд. Аслан фарқе намекунад ин пирмард ҳаводори чи гуруҳе, ё аз кудом маҳал буда ва ба киҳо кумак карда. Муҳим инсон аст, шаҳрванди кишвари мост ва ҳеч ҷинояте содир накардааст.
Эй ҳама онҳое,ки иддио мекунед, ки дар баробари зулму беадолатӣ қарор доред!
Агар ин гуна фоҷеа шуморо ба ҳам наорад, ҳадди ақалл бо ҳам ва ҳама дар муқобили ин фоҷеа вокуниш нишон надодед, пас, биравед бимиред.
Намегӯям бо ҳам иттиҳод бикунед, ин аз шумо баъид аст. Ғуломонро сафороӣ гарон аст, мегуфт ҳазрати Иқбол. Аммо дар баробари ин фоҷеа – дар шакли маҳкум ба зиндон шудани пирмарди 87 сола, агар садои эътирозатон баланд нашуд, пас, ҳеч гоҳ дигар садо дарнаоред!

Барои ҳамеша хафақон бигиред!
Зеро дигар собит хоҳад шуд, ки адолатхоҳиятон дурӯғ!
Озодихоҳиятон дурӯғ!
Миллатдориятон дурӯғ!

Он ба зоҳир мубориза ва ин гӯё талошҳоятон дар асл худхоҳие будаву бас ва комилан дурӯғ аст!

Аслан вуҷудатон дурӯғе беш нест!
Ман ва садҳо тане мисли ман дорем назора мекунем.
Маҳаки санҷишамон ҳам хеле сода ва мушаххас аст, яъне мавзеъи ҳар кадом аз шумо дар баробари ин фоҷеа.
Мутмаин бошед, фардо чи ҷавоберо хоҳед гирифт, бастагӣ ба рафтори шумо дар баробари ин фоҷеа дорад.
Пас, биштобед, то дер нашавад!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.