Рӯзноманигори ҷавон Абдулло Ғурбатӣ асардуздии гурӯҳи “Авангард”-ро фош кард

Рӯзноманигор Абдулло Ғурбатӣ як ҳодисаи дуздии матни табрикот ба муносибати Рӯзи Сарқонунро аз ҷониби гурӯҳи “Авангард”-ти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фош кард.

  • Абдулло Ғурбатӣ навиштааст, ки матни табрикотии раҳбари ҷавонони “Авангард” Фирӯз Қодиров, ки дар расонаҳо паҳн шудааст, як пора  аз сухани табрикии раиси ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав 7 ноябри соли 2018 нашр  шудааст.
  • Абдулло Ғурбатӣ барои исботи ин даъвои худ ин матнҳоро паҳлӯи ҳам дар саҳифаи фейсбукиаш қарор дода, таъкид намудааст, ки “табрикоти гурӯҳи Авангард ба муносибати 26 солагии Сарқонун 100% дуздидаи табрикоти ду сол пеши раиси ноҳияи Шаҳринав аст”.
  • Қиёси матнҳо аз ҷониби МедиаМаркер низ собит сохт, ки матн воқеъан рӯбардор шудаасту чун сухан аз табрикномаи расмӣ дар расонаҳо меравад, кирдори асардуздӣ ҷой дорад:
  •  Гурӯҳи ҷавонони “Авангард” то ба ҳол расман ба ин фошкорӣ посух надодааст, аммо намояндаҳое аз онҳо дар баробари рӯзноманигор аз зургӯии расонаӣ кор гирифтаанд.
  • Ин ҳам дар ҳолест, ки аъзои гурӯҳи “Авангард” қаблан дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо  рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро барои фаъолияти рӯзноманигорияш тавҳину таҳқир намуда, ӯро ба  “камсаводӣ, “хоинӣ” ва “ватанфурӯшӣ” айбдор кардаанд.
  • Рӯзноманигор ҳамчунин ду дафъа,  бори аввал, шоми 11 май  дар назди бозори “Корвон” дар назди манзилаш ва бори дуввум 29 май замоне, ки аз маҳаллаи офатзадаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориш омода мекард, аз ҷониби ашхоси ношинос мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифт, ки ин ҳаводис ошкорнашуда монд.
  • Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи “Авангард” моҳи августи соли 2015 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  “мубориза бар зидди  ифротгароӣ” ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шуда буд.
  • Ҳарчанд ин тарҳ ташаббуси худи Рамазон Раҳимзода буда, дар чорчуби сиёсати ҳукуматии саркуб кардани дигарандешон ва мухолифини сиёсии ҳукумати феълӣ созмон ёфтааст, аммо ин ташаккул дар ҳич ниҳоди давлатӣ сабтином нашудааст.
  • Мардихудо Давлатов, ки на Фирӯз Қодиров, балки худро роҳбари “Авангард” медонад, мегӯяд, ки  “Авангард” ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон буда, ҳудуди 22 ҳазор аъзо дорад. Аммо дар ин бора ҳич санад вуҷуд надорад. Ба қавли Давлатов, “ин ягон гурӯҳи сиёсӣ нест, танҳо ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунанд”.
  • Ҳол он, ки “Авангард” ташаккули сиёсӣ буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузури густурда дорад. Маъмулан  фаъолияти ин созмони ғайрирасмӣ аз тарғиби президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси “Пешвои миллат”, роҳандозии корзорҳои иттилоотии саркубкунанда зидди мухолифини сиёсӣ, соҳибназарон, дигарандешону рӯзноманигорони мустақил ва дастгирии иттилотии матолиби “Фабрикаи ҷавоб” дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.