Рябков гуфт, ки муносибатҳои ИМА ва Русия “бадтар” мешавад

Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков маъмурияти президенти мунтахаб Ҷо Байденро дар “русиябадбинӣ” айбдор кард ва гуфт, ки интизор дорад равобит бо ИМА “аз бад бадтар мешавад”. Дар мусоҳибааш бо оҷонсии Интерфакс рӯзи 23 декабр, як моҳ пеш аз маросими савгандёдкунии президенти мунтахаби ИМА Ҷо Байден  Рябков гуфт, “аз одамоне, ки аксари онҳо  карераашонро дар русиябадбинӣ сохтаву кишвари маро сиёҳ кардаанд, интизори хубӣ шудан аҷиб хоҳад буд”. Равобити Маскаву Вашингтон солҳои охир  дар робита бо ғасби Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014, нақши ин кишвар дар ҷангҳои шарқи Украинаву Либия, мудохила ба интихоботи Амрико  ва Аврупо ва ҳам ҳамлаҳои рахнагарон, ки дар он Русия гунаҳгор мешавад, бадтар шудааст. Интизор меравад, ки бархӯрди Байден нисбати Маскав дар масоили ҳуқуқи башар ва сиёсати хориҷӣ сахттар хоҳад буд. Президент Доналд Трампро барои сиёсати нармаш нисбати Русия интиқод мекунанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.