СҶМ тарҳи нави кӯмак ба муҳоҷирон дар давраи пандемияро муаррифӣ кард

Як мақом аз Қазоқистон гуфт, дар давраи пандемияи  панҷ моҳи гузашта ҳукумати ин кишвар ва дигар шарикон барои ба кишварҳои худ баргаштани беш аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мусоидат кардааст. Дар ин бора Тлеубек Тахтанов, муовини раиси Кумитаи сиёсати муҳоҷирати ВКД-и Қазоқистон дар як конфронси онлайнии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират хабар дод. Ин конфронс, ки бо ташаббуси дафтари марказии СҶТ дар Қазоқистон ташкил шудааст, тарҳи наверо  бо номи “Коҳиши паёмадҳои иҷтимоиву иқтисодии COVID–19 ба муҳоҷирон ва ҷомеаҳои Осиё Марказӣ ва Русия” муаррифӣ кард. Тахтанов гуфт:

“Ҳамкории муваффақиятомези ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, СҶМ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷироне мусоидат кард, ки тавассути долонҳои амн ба ватан бармегаштанд. Бо мусоидати вазоратҳои хориҷаи Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон,  Қирғизистон ва СҶМ дар давраи карантин бозгашти беш аз 2 ҳазор муҳоҷир имконпазир шуд”.

Қазоқистон, ки бо Русия ҳаммарз аст, баъди авҷгирии пандемияи коронавирус дар моҳи май ба макони аслии таҷаммӯи гурӯҳҳои калони муҳоҷирони корӣ шуд, ки бо сабаби набуди кору даромад дар Русия хостори бозгаштан ба ватани худ шуданд. Дар миёни онҳо садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам буданд, ки бар асоси мувофиқаҳои ҳукуматҳои минтақавиву СҶТ ба ватан баргардонида шуданд.

 

Тарҳи нави СҶМ нахустин барномаи ихтисосёфта ба мушкилоти муҳоҷирон дар давраи пандемияи коронавирус мебошад, ки иҷрои он 10 моҳро дар бар хоҳад гирифт. Оҷонсии Швейсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузори он мебошад. Дар миёни 80 ширкатдори конфронси интернетӣ инчунин намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳам иштирок карданд. Зейнал Гаҷиев, ҳамоҳангсози барномаҳои СҶМ дар Осиёи Марказӣ гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус садҳо ҳазор муҳоҷирон бидуни хоҳиши худ дар хориҷа дармондан ва бо мушкилоти сиҳҳативу бозгашт ба ватан рӯбарӯ шуданд. Ӯ гуфт, пандемия, ки боиси баста шудани марзҳову аз кор мондани корхонаҳо шуд, муҳоҷиронро дар ҳолати заъфпазир қарор дод. “Ҳадафи тарҳи нав вокуниши сареъ ба мушкилоти муҳоҷирон дар ҳолати пандемия мебошад”, гуфт Гаҷиев. Дар доираи барномаи нави кӯмак ба муҳоҷирон ҷамъовариву таҳлили маълумот дар бораи муҳоҷирон, кӯмак ба гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон ва тавсеаи дастрасии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба хадамоти моливу низомҳои интиқоли пул дар назар гирифта шудааст.

 

 

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.