СҶТ амнияти воксинаи AstraZeneca-ро баррасӣ мекунад

Мутахассисони амнияти воксина дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 16-уми март барои баррасии бехатарии воксинаи AstraZeneca ба муқобили COVID-19 ҷаласа барпо мекунанд, чун бархе кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки бо сабаби нигарониҳо аз лахташавии хун дар ҷисми инсон баъди қабули ин воксина, муваққатан аз истифодаи оммавии он даст мекашанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз кишварҳо хост, ки истифодаи воксинаи сохташуда аз ҷониби ширкатҳои дорусозии Бритониё, Шведсия ва Донишгоҳи Оксфордро қатъ накунанд, вале чанд кишвари Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки феълан ин воксина дар қаламрави кишварҳояшон боздошта мешавад.

СҶТ гуфт, ки ҳеҷ далели иртиботи мустақими миёни воксинаи AstraZeneca ва лахташавии хун вуҷуд надорад, аз ин рӯ, ба эътимоди мутахассисони ин ташкилоти вобаста ба СММ, эмкунӣ бо ин воксина бояд идома ёбад.

Се кишвари азими аврупоӣ – Фаронса, Олмон ва Итолиё рӯзи 15-уми март истифодаи ин воксинаро боздоштанд. Баъди онҳо Португалия, Испания, Латвия ва Словения ҳам чунин қарор қабул карданд. Рӯзи 14-уми март Ҳолланд ба Ирландия, Дания, Норвегия, Булғористон ва Тайланд ҳамроҳ шуд ва гуфт, ки истифодаи AstraZeneca  муваққатан боздошта мешавад. Худи AstraZeneca, айнан мисли СҶТ  гуфтааст, ки далели мустақими ин, ки баъди истифодаи ин воксина хатари лахташавии хун  вуҷуд дорад, дар даст нест.

Венесуэла гуфт, ки ин воксинаро иҷоза намедиҳад, ки дар кишвар истифода шавад. Индонезия ҳам гуфт, ки айни корро мекунад.

Ин дар ҳолест, ки воксинаи AstraZeneca назар ба дигар воксинаҳои ғарбӣ аз назари нарх арзонтар буда, барои кишварҳои зиёди нодору ниёзманд аз назари харидориву таъмини шумори бештари аҳолӣ муносибтар мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.