СҶТ: Шояд имсол иммунитети дастаҷамъӣ ҳосил нашавад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки бо вуҷуди шурӯи эмкунии мардум аз COVID-19, эҳтимол аст, ки соли ҷорӣ иммунитет ё масунияти дастаҷамъӣ ҳосил шавад. Сумя Сваминатан, донишманди аршади СҶТ рӯзи 11-уми январ гуфт, “ҳатто агар воксина битавонад  қишрҳои аз ҳама осебпазирро ҳимоят кунад, ҳамоно дар соли 2021 мо наметавонем ба иммунитети дастаҷамъӣ даст ёбем”.  Ӯ гуфт,  чунин натиҷа дар баъзе кишварҳо ба даст ояд ҳам, саросари ҷаҳонро фаро нахоҳад гирифт.  Дар як соли охир COVID-19 нишон дод, ки бо вуҷуди тадбирҳои маҳдудкунанда, аз Аврупо то Амрикову Осиё бисёр устувор аст ва зуд паҳн мешавад. Мутахассисон мегӯянд, ки барои дастёбӣ ба иммунитети сартосарӣ бояд 70 то 80 дарсади ҷомеа эм карда шаванд.  Дар Аврупову ИМА бо сабаби суст будани суръати таъминот бо воксинаҳои иҷозатшудаи ширкатҳои Moderna ва Pfizer-BioNTech, ҷараёни эмкунӣ ҳам бо кундӣ пеш меравад. Як мушовири дабири кулли СҶТ изҳори умедворӣ кард, ки моҳи январ ё феврал маъракаи эмкунӣ дар бархе кишварҳои нодор ҳам шурӯъ мешавад. Брюс Айлворд бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки кӯмаки худро аз кишварҳои нодор дареғ надоранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.