СҶТ воксинаи AstraZeneca-ро муассиртар аз дигарҳо номид

Як гурӯҳи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки воксинаи ширкати AstraZeneca дар муқобила бо COVID-19 амну фоиданок будааст ва машварат дод, ки аз он фаровон истифода шавад. Аз ҷумла, ин  воксина барои истифода дар манотиқе машварат дода шудааст, ки  он ҷо навъи коронавируси Африқои Ҷанубӣ  ошкор шудааст. Гурӯҳи СҶТ оид ба машваратҳои стратегии   эмкунӣ  рӯзи 10-уми феврал гуфт, ки ҳафтаи оянда  AstraZeneca барои истифодаи изтирорӣ машварат дода мешавад. СҶТ барномаи системаи кишварҳои COVAX-ро роҳандозӣ кардааст, ки ҳадафаш то моҳи июл тақсим кардани воксина ба кишварҳои нодор аст ва воксинаи AstraZeneca бахши калони 340 миллион адад воксинаро ташкил медиҳад. Пеш аз он СҶТ бояд иҷозаи истифодаи ин воксинаро бидиҳад.

AstraZeneca дар оғози истифодааш дар чанд кишвар дучори мушкилоте шуд ва як масъала ин буд, ки то куҷо афроди пиронсол ҳам метавонанд аз он истифода кунанд ва оё дар муқобили навъи коронавируси Африқои Ҷанубӣ муассир аст ё на. Вале мутахассисони СҶТ ба ин хулоса омаданд, ки ин воксина ба афроди ҷавону бузургтар аз 65-солаҳо таъсири баробари мусбат доштааст. Мутахассисон гуфтанд, ки ин воксина ҳатто дар ҳолати ошкор шудани  навъҳои хатарноктари коронавирус ҳам метавонад корсоз бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.