Сӯҳбати телефонии президентони  Қирғизистон ва Тоҷикистон як рӯз баъди низои хунин дар марз. Ҷабборовро ба Душанбе даъват карданд  

Як рӯз баъди низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо марги дастикам 43 нафар ва ҷароҳати 170 сокини ҳарду тарафи марз анҷомид, хабаргузориҳои расмии Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтанд, президентони ду кишвар бо ҳам гуфтугӯ карданд.   

Бино ба хабарҳори дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон ва дигар манбаъҳои расмии ин кишвар, шоми 30-юми апрел президентони Қирғизистон ва Тоҷикистон – Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ сӯҳбат карданд.  

Ба иттилои вебсайти президенти Қирғизистон, «сӯҳбати ду раҳбар дар фазои дӯстона ва бар пояи эҳтироми тамомияти арзии ду кишвар барпо шуд». Ба навиштаи манбаъ, ҳарду раҳбар ба зарурати ором шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кардаанд.  

Хабаргузории расмии «Ховар» бо васфи ин ки хабари сӯҳбати ду президент «умедворкунанда» будааст, гуфт, Раҳмон ва Ҷабборов «аҳамияти хоссаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида   равона шуданд, таъкид гардид”.  

Вебсайти президенти Қирғизистон навишт: «Содир Ҷабборов бахусус таъкид кардааст, ки майли ҷониби Қирғизистон ин аст, ки ҳама масоили байнидавлатӣ аз роҳи муколама ҳалли худро пайдо кунад ва вазъи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил боқӣ монад», омадааст дар матни хабар. Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои мутақобилаи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон “дар оянда ҳам бар асоси дӯстии суннативу дерина ва ҳусни ҳамҷавори миёни мардуми тоҷику қирғиз батадриҷ пешрафт мекунад”.  

“Ховар” навишт, ҳарду президент ба зарурати идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон  оид ба аломатгузории марзи ду кишвар таъкид карданд.  

Вебсайти президенти Қирғизистон гуфт, Ҷабборов ва Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқоти рӯбарӯ барпо мекунанд. Сайти президенти Тоҷикистон гуфт, ки президент Раҳмон ҳамкори қирғизистонии худ Ҷабборовро “дар наздиктарин фурсат” бо як сафари расмӣ ба Душанбе даъват кард ва афзуд, ки санаи баргузории ин мулоқот  баъдтар “тавассути каналҳои дипломатӣ” маълум хоҳад шуд.  

Ҳоло мувофиқаи ниҳоии ҳарду ҷониб ин аст, ки фардо, рӯзи 1-уми май  ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар, ки масъули  аломатгузории марз мебошанд, дар шаҳри Ботканди Қирғизистон ҷаласа барпо хоҳанд кард.  

Низои ахире, ки шоми 28-уми апрел шурӯъ шуд ва яке аз сангинтарин ихтилофҳои миёни сокинони наздимарзиву марзбонони ду кишвар арзёбӣ мешавад, сари баҳси насб кардани дурбинҳои назоратӣ дар маркази обтақсимкунии «Головной» дар деҳаи Кок-Тош шурӯъ шуд. Ин минтақаҳо баҳсӣ буда, ҳарду тараф иддао мекнунад, ки то замони таъин ва аломатгузорӣ  шудани хати марз набояд дар ин ҷоҳо корҳое анҷом шаванд.  

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон  970 км тӯл дошта, 519 км он аломатгузорӣ шуда, боқимондааш мақоми баҳсӣ дорад.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.