Сӯхтор дар беморхонаи гирифторони COVID-19 дар Украина 4 нафарро кушт

Сӯхтор дар беморхонаи нигаҳдории олудашудаҳо ба COVID-19 дар шаҳри ҷанубушарқии Запарожйеи Украина боиси кушта шудани  чор нафар шуд.  Раёсати маҳаллии полис рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи қазияи ҳалокати се бемор ва як парастор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.  Ду нафари дигар дар беморхона бо осори сӯхтор бистарӣ шудаанд. Маъмурияти минтақавии Запорожйе гуфт, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса як комиссиюни вижа ҳам таъсис шудааст ва дигар беморхонаҳое, ки он ҷо гирифторони COVID-19 нигаҳдорӣ мешаванд, аз назари риояи меъёрҳои бехатарӣ санҷида мешаванд. Маъмулан, беэҳтиётӣ ба ҳангоми истифодаи васоили барқӣ сабаби сар задани сӯхтор дар муассисаҳои иҷтимоии қаламрави собиқ Шӯравӣ мешавад. Рӯзи 21 январ ҳам сӯхторе дар як муассисаи муроқибати иҷтимоӣ дар Украина ҷони 15 нафарро гирифт.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.