Сӯхтор дар ноҳияи Рӯдакӣ. Як хона ба коми оташ рафтааст. ВИДЕО

Шоми 12-уми январ манзили як сокини деҳаи Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтааст. Ин хона дар канори шаҳри Душанбе ва дар рӯ ба ба рӯи “Деҳқонбозор”-и маҳаллаи Гипрозем қарор дорад.

Як корбари Радиои Озодӣ бо фиристодани навор аз ҷойи ҳодиса гуфт, “сабаби сар задани сӯхтор бухории барқӣ будааст”. То ба ҳол мақомот дар бораи ҳодиса ва иллати сар задани он хабар надодаанд.

Ба мушоҳидаи корбари Радиои Озодӣ, “оташнишонон дер расиданд ва пас аз расидан ҳам баъзе аз мошинҳо об надошт”. Ӯ гуфт, оташ ба хонаҳои ҳамсоя низ расид ва бо ёрии сокинони маҳалла хомӯш карда шудааст.

“Бино бар чӯбӣ будани баъзе аз қисматҳои бино зуд оташ гирифта, хомӯш кардани алангаи оташ душвор шудааст. Ин хона пурра сӯхта нобуд шуд ва моликон қариб ҷиҳозеро аз дохил берун кашида натавонистанд”, — гуфт корбари Радиои Озодӣ.

Сӯхтор тақрибан соати шаши шоми 12-уми январ сар зада, то соати 9-и шаб хомӯш карда шудааст.

Навори фиристодаи корбарро дар ин ҷо бинед:

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.