С.Муҳриддин ва С.Зас ҳамкориҳо дар доираи СПАД-ро баррасӣ карданд

Баъд аз зуҳри 17 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Станислав Зас, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд. Дар ин мулоқот мавзуъҳои таҳкиму сулҳу субот дар минтақаи зери масъулияти ин созмон, вокуниши сареъ ба таҳдидҳои муосир ва инчунин ҳамкориҳои кишварҳои узв дар масъалаҳои сиёсиву дипломатӣ, низомӣ-фаннӣ ва низомию иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Дар пасманзари раёсати Тоҷикистон дар СПАД Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ба ҳадафи кишвар барои ҳамкориҳои танготанг бо котибот ва дигар бахшҳои ин созмон ишорат кардааст. Ҳамоҳангии кишварҳои узви СПАД ҷиҳати мавқеъгирӣ дар сиёсати хориҷӣ, наздик кардани назари кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои суҳбати онҳо будааст. Ҳамчунин ҷонибҳо омодагиҳо ба ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки қарор аст баҳори соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад, ба баррасӣ кашидаанд.

СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи “тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст”. Ахиран, ин ниҳод мегӯяд, дар ҳалли низои Озарбойҷону Арманистон саҳм гирифтааст. Дар ин созмон нақши асосӣ бо Русия аст ва ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон, ҳадафи он нигаҳ дошти нуфузи Маскав дар қаламрави Шӯравии пешин дониста мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.