САҲА интихоботи Қазоқистонро ҳамчун “бидуни рақобати воқеӣ” интиқод кард

Ҳизби ҳокими “Нур Отан” дар интихоботи ба қавли нозирони байналмилалӣ “берақобат”-и парлумонии Қазоқистон пирӯз шуд. Интихоботе, ки дар паи он ҳизби ҳоким қудратро боз ҳам маҳкамтар  нигоҳ медорад, аз ҷониби як ҳизби расман сабтшудаи мухолифон ҳамчун  ҳаракат ба самти маҳдудияти  бештари озодиҳои сиёсӣ бойкот шуд. Комиссиюни марказии интихоботҳо рӯзи 11-уми  январ гуфт, ки  ба тарафдории ҳизби собиқ президенти худкома Нурсултон Назарбоев 71,1 дарсад овоз доданд, ҳизби “Ақ Жол” ҳамчунин аз 7 дар сад бештар овоз гирифта чанд курсӣ дар парлумонро соҳиб шуд.

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо интихоботи рӯзи 10-уми январро ҳамчун “маъракаи бидуни рақобат” интиқод кард.

Кристиан Вигенин, собиқ вазири хориҷаи Булғористон ва ҳамоҳангсози вижаи тими кӯтоҳмуддати нозирони САҲА дар нишасти матбуотии 11-уми январ дар шаҳри Нуротан гуфт:

“Интихоботи парлумонии 10-уми январи Қазоқистон бидуни рақобати воқеӣ буд ва зарурати ислоҳоти сиёсиро дар ин кишвар ба намоиш гузошт. Интихобот дар пешорӯи чолишҳои пандемияи COVID-19 аз назари фаннӣ хуб омода шуда буд. Дар ҳоле, ки дар интихобот панҷ ҳизб иштирок карда номзадҳои онҳо озодона таблиғот мебурданд, маҳдудиятҳо дар татбиқи озодиҳои бунёдии аз ҷониби конситутсия замонатшуда мушоҳида шуд”.

Интихоботи парлумонии гузашта баъди соли 2019 аз мақоми президентиаш канор рафтани Назарбоев бори аввал баргузор мешавад. Мақоми президентиро баъди рафтани ӯ Қосимҷомарт Тоқаев ишғол кард, ки ба қавли мунаққидон, дастнишонда ва идомадиҳандаи  сиёсати Назарбоев мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.