Сабти “код”-и телефонҳо дар Тоҷикистон идома мекунад

Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, барои сабти ҳатмии IMEI-и телефонҳои мобилӣ бахше аз корҳоро анҷом додаанд, вале аз ҷузъиёти он худдорӣ мекунад. 

Ӯ рӯзи 1-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта масъалаи ҷалби сармояро ҳал намуда, барои кор дар ин самт як ширкати хусусӣ пешбинӣ шудааст.  

Атоев аз гуфтани номи ширкате, ки дар сабти ҳатмии IMEI-и телефонҳои мобилӣ хидматрасонӣ мекунад, худдорӣ кард: “ Ҳамкориро бо як ширкати хусусӣ ба роҳ мондем, вақту соаташ омад мефаҳмед”.  Муовини раиси Хадамоти алоқа таъкид намуд, ки корҳои ҳамоҳангӣ анҷом ёфта, дар татбиқи ин тасмим таҷрибаи дигар кишварҳо ба  назар гирифта  мешавад. 

Ҳукумати Тоҷикистон қарори сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро моҳи марти соли 2020 содир карда буд. Он замон  барои иҷрои ин  қарор ба Хадамоти алоқа супориш дода шуд, то 1-уми июн бо ҷалби сармоягузории хусусӣ “оператори системаро муайян намояд”. 

Мақомот ҳадафи тасмимро “таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии давлат” номидаанд. Аммо баъзе огоҳони умур чунин иқдомро роҳи дигари назорати сокинон маънидод намуда, таъкид мекунанд, ин тасмим ҳаққии шаҳрвандонро барои дастрасӣ ба иттилоъ маҳдуд месозад. 

Дар пай расонаӣ шудани ин қарор, баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки  сабти рақами IMEI дар кишвар пайомадҳои духӯра дорад. Аз як ҷониб ҷустуҷӯ ва пайдо кардани телефонҳои дуздиро осон мекунад, аз ҷониби дигар сабти рақами IMEI телефонҳое, ки айни ҳол дар дасти мардум аст, кори саҳл нест ва маъракаи пурхарҷ хоҳад шуд. 

Шакли кӯтоҳшудаи IMEI – рақами байналмилалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш, онро дорад.  Рақами IMEI дар қуттии таҷҳизоти ниҳоӣ навишта шуда, дар сурати дар телефон чидани рамзи *#06# низ падид меояд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.