Сабтиноми “меҳмонҳо” дар Бадахшон. Чораҳои пешгирӣ аз коронавирус

Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба номнавис кардани сокиноне пардохтааст, ки аз пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар ба ин ҷо омадаанд. Ин бахше аз чораҳои пешгирӣ аз сирояти бемори ҳамагири КОВИД-19 аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун дар кишвар касе ба коронавируси нав сироят нашудааст, аммо чораҳои ҷилавгирӣ аз онро сахттар кардаанд.

Замир, сокини 27-солаи шаҳри Хоруғ, мегӯяд, баъди як рӯзи аз Душанбе ба Хоруғ омадани падари ҳафтодсолааш, пизишкони маҳаллӣ субҳ ба суроғаш омадаанд.

“Ҳарорати мусофиронро ҳанӯз дар ноҳияи Дарвоз, ҳангоми сафар ба вилоят месанҷанд. Ҳамон ҷо суроға ва ному насабашонро менависанд ва ҳангоми расидан дубора месанҷанд”, – хабар дод ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи вай, ба падараш тавсия додаанд, ки давоми 14 рӯз аз хона берун наравад ва шумораи телефони худро низ додаанд, ки ҳангоми зарурат занг занад.

Ин иттилоъро сухангӯйи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, “мусофиронро дар Дарвоз муоина мекунанд ва номнавис мекунанд, вале то ҳоло дар вилоят ягон мавриди сирояти сокинон ба коронавирус ошкор нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, ронандаҳое, ки дар роҳи Душанбе-Хоруғ мусофир мекашонанд, гуфтанд, шумораи хоҳишмандоне, ки ба Помир рафтан мехоҳанд, афзудааст. “Рӯзҳои ахир, мусофироне, ки мехоҳанд аз Душанбе сафар кунанд, хеле зиёд аст, вале мошин тақрибан нест. Имрӯз қариб 20 мошини холӣ аз Хоруғ барои овардани мусофирон ба Душанбе рафт”, – гуфт Насим, ронандаи маҳаллӣ.

Зимнан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони минтақа аз ҳамшаҳриёнашон дархост кардаанд, ки пойтахтро тарк накунанд ва барои хешовандоне, ки дар Помир зиндагӣ мекунанд, хатар эҷод нанамоянд.

Мувофиқи омори расмӣ дар Тоҷикистон то кунун ҳеч мавриди сироятшавӣ ба короновирус таъйид нашудаст. Вале баъди нашри хабарҳо дар мавриди марги шаҳрвандон бар асари пневмонияи дутарафа, мақомот даст ба иқдомоте заданд. Аз ҷумла, аз 27 то 11-уми май дар муассисҳаои томактабӣ ва мактабҳои миёна таътили муваққатӣ эълон намуданд. 

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки дар ин муассисаҳо корҳои зиддиуфунӣ анҷом дода мешавад. Вале дар донишгоҳҳо дарсҳо идома мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.