Садҳо табиби рус: Навалнийро оҷилан бо ёрии тиббӣ таъмин кунед 

Садҳо табиби рус дар як муроҷиатномаи интернетӣ аз мақомоти Русия талаб карданд, ки мухолифи зиндонӣ Алексей Навалний бо ёрии фаврии тиббӣ таъмин шавад. Дар бораи номае, ки аз 28-уми март то ба имрӯз зери он 500 табиб ва мутахассиси тиб имзо гузоштаанд,  ба Радио Свобода  хабарнигори “Инсайдер” Олег Пешничний  хабар додааст. Дар ин нома гуфта шудааст, ки  ҳадди аққал Навалнийро бояд табибе муоина кунад, ки ба ӯ ин сиёсатмадори мухолифи ҳукумат эътимод дорад, дар беҳтарин ҳолат ӯро бояд мутахассисони тиббии клиникаи “Шерите”-и  шаҳри Берлини Олмон муоина кунанд. Дар ин нома омадааст, ки бад шудани вазъи саломатии Навалний метавонад ба заҳролудшавии ӯ ва паёмадҳои он рабт дошта бошад.

Дар матни табибон омадааст: “Мо аз Хадамоти федеролии зиндонҳо, сохторҳои марбута ва раҳбарияти сиёсии кишвар талаб дорем, ки ба ин вазъият билофосила мудохила кунанд ва ба хотири оддӣ шудани вазъи саломатии Алексей Навалний бидуни кашолкорӣ тамоми ёрии зарурии тиббиро бирасонанд”.

Вазъи саломатии Навалний ҳафтаи гузашта дар матбуот баррасӣ шуд ва наздикони ӯ гуфтанд, ки як ҳафта инҷониб ӯ аз дарди миён ва шах шудани пои росташ азият мешавад. Худи Навалний дар ду аризааш ба номи мақомоти зиндонҳо гуфтааст, ки ба муоинаи тиббӣ ниёз дорад, вале ба ӯ ба ҷои даъвати табиб танҳо доруи дардро камкунандаи “Ибупрофен” додаанд.

Баъди ин хабарҳо аъзои комиссиюни назорати ҷамъиятии вилояти Владимир бо Навалний дар зиндон вохӯрда гуфтанд, ки ҳадафи онҳо омӯзиши вазъи саломатии сиёсатмадор мебошад. Рӯзи 29-уми март як узви ин комиссиюн Владимир Григорян ба ТВ “Дождь“ гуфт, ки Навалний бемор несту худро ба беморӣ мезанад. Вале вақте аз Григорян пурсиданд, ки далелаш чӣ аст, гуфт, “Худо ҳофиз, азизам”.

Ҳуқуқшиносони Навалний гуфтанд, ки ӯ натиҷаҳои рентгени миён ва пояшро, ки дар беморхонаи берун аз зиндон санҷида шудааст, ба даст наовард.

Вадим Кобзев, як ҳуқуқшиноси Навалний дар нақли қавл аз зерҳимояаш гуфт, ки Комиссиюни назорати ҷамъиятӣ дар минтақаи Владимир гуфт, аъзои ин комиссиюн “як даста қаллобону дурӯғгӯён  ҳастанд, ки ба маъмурияти конслагер хизмат ва вазъияти зиндониҳоро сахту сангин мекунанд”.

Навалний моҳи январи имсол дар фурудгоҳи “Шерметево”-и Маскав боздошт шуд. Ӯ аз моҳи августи порсол дар Олмон аз заҳролудшавӣ бо заҳри навъи низомии “Новичок” табобат мегирифт. Худи Навалний гуфт, ки заҳролудшавии ӯ натиҷаи сӯиқасд ба ҷонаш аст, ки бо амри президент Владимир Путин сурат гирифтааст. Кремлин инро рад мекунад.

Додгоҳе дар моҳи феврал ҳукм кард, ки Навалний қарори  додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартиро нақз карду бо ҳамин бояд 2,5 сол дар зиндон монад. Худи ӯ ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

Дар муроҷиатнома ба мақомоти Русия табибон ёдовар шудаанд, ки дар ҳукми соли 2017-и Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо қазияе, ки аз рӯи он ҳоло Навалний ба зиндон рафтааст, “ноодилона” номида шуда бо ҳамин сабаб ҳам мунаққиди шадидлаҳни Путин набояд дар зиндон бошад. Ҳабси Навалний дар саросари Русия мавҷи эътирозҳоро барангехт ва Иттиҳоди Аврупову ИМА ва Канада Русияро дар чандин маврид таҳрим карданд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.