Садамаи қатора дар Тайван даҳҳо кушта ба ҷо гузошт

Дар шарқи Тайван қатори мусофирбари Taroko Express аз масираш берун рафта, ба садама дучор шуд. Қатор бештар аз 350 мусофир дошт. Дар ин садама 36 кас кушта ва 72 каси дигар маҷруҳ шудааст.

Расонаҳо менависанд, шумори дақиқи кушташудаҳову маҷруҳон муайян нест. Бархе аз расонаҳо аз марги 72 кас хабар медиҳанд.

Ба иттилои пешакӣ, садама ҳангоме рух додааст, ки қатор вориди нақб шудааст. Рӯи роҳи қатор мошини борбаре аз баландии 20 метр афтида ва боиси садамаи қатора шудааст.

Хабаргузории Reuters менависад, дар 40 соли охир ин бузургтарин садамаи қатора дар Тайван аст. Дар соли 2018 дар як садамаи дигари қатора дар Тайван 18 кас кушта шуда буд. Соли 1981 садамаи қатора дар Тайван боиси марги 31 одам шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.