Садамаи маргбори майори милиса дар Душанбе

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар садамаи майори милиса се тан ҷой бохта, гумонбаршуда боздошт шудааст. 

  • Тавре Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ҳодиса шаби гузашта соати 00.10 дақиқа дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе рух додааст.
  • Ба иттилоъи манбаъ, ронандаи худрави “Тайота” Султонҷон Султонови 32- сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба худрави  «Опел-вектра»  таҳти идораи ронанда Солиев Аъзамҷони 21 сола бархӯрдааст.
  • Дар натиҷа ронанда Солиев Аъзамҷон ва мусофир  Расулов Анвари 19-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири сеюм Боев Муҳаммадҷони 21-сола аз захмҳои зиёд дар шифохона ба ҳалокат расидааст.  Ҳар се сокинони ноҳияи Варзоб будаанд. Мусофири чорум Меликов Абдураҳмони 21 сола дар шифохона бистарӣ аст. Мақомот аз вазъи саломатии Султонов иттилоъ надодаанд.
  • Омили садама Султонҷон Султонов, майори милиса буда, сардори Шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб будааст. Номбурда боздошт шудааст. Назари ӯ ё намояндаи қонунияш дар бораи садама дастрас нест.
  • Нисбати Султонов аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 212 қ. 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.

The post Садамаи маргбори майори милиса дар Душанбе appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.