Садамаи мошини муовини вазири оби Узбекистон – ҳамсар ва духтараш фавтиданд

Дар шаби Соли нав мошини тамғаи Chevrolet Gentra таҳти идораи Воҳидҷон Аҳмадҷонов, муовини вазири оби Узбекистон дар ағбаи Камчик аз баландӣ сарозер шуд.

Дар натиҷаи садама ҳамсар ва духтари муовини вазир фавтиданд. Аҳмадҷонов дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ба навиштаи расонаҳо, Аҳмадҷонов бо хонаводааш барои таҷлили Соли нав ба шаҳри Фарғона мерафт.

Мошини муовини вазир бо мошини сокини шаҳри Қуқанди Узбекистон бар хӯрда, сарозер шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.