Садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони ду нафарро гирифт

Шоми 14 сентябр дар роҳи Душанбе-Хуҷанд як садамаи мудҳиш рух дод. Дар минтақаи Майхураи Варзоб мошини боркаши “Дулан”-и сокини вилояти Хатлон дар роҳ ба сӯи Душанбе  ба самти муқобили ҳаракат баромада  ба 10 мошин бархӯрдааст. Яке аз мошинҳо дар паий бархӯрд ба ҷарии 200 метр сарозер мешавад. Иллати садама маълум нест, вале бархе фарзияҳо ин аст, ки бинобар нуқси техникӣ ронанда идораи нақлиётро аз даст додааст.

Дар ин ҳодиса  2 нафар ба ҳалокат расида, 5 каси дигар маҷрӯҳ шудаву ба бемористон интиқол ёфтаанд. Наҷотдиҳандагон баъди расидан ба маҳалли ҳодиса мошини афтодаро аз ҷарӣ берун кашиданд. Мақомоти дахлдор ба таҳқиқи сабабҳои садама оғоз намудааст. Ҳоло роҳи Душанбе-Хуҷанд ба таври мӯътадил кор мекунад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.