Садамаи мусофиркаш бо 45 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар шоҳроҳи Қаробутак-Қустанайи Қазоқистон як мусофиркаш, ки дохилаш 45 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 ронандаи қазоқистонӣ будаанд, чаппа шудааст. Талафоти ҷонӣ ҷой надорад. 

  •  Ба иттилои сомонаи қазоқии “Диапазон”, ҳодиса шоми дирӯз, 26 уми феврал,  тахминан соати 20:00 бо вақти Остона дар 20 километри  маҳаллаи Қаробутак ба вуқӯъ пайвастааст.
  • Сабабгори садама айни ҳол роҳи яхбаста дониста мешаваду пулиси роҳ ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
  • Мусофирон аз Чимкент ҷониби Екатеринбурги Русия сафар доштаанд.
  • Ҳич нафаре зарари ҷиддии ҷисмонӣ надидааст. Мусофиронро муваққатан дар хаймаҳо ҷой додаанд.
  • Мавриди зикр аст, ки дар чанд соли ахир, бинобар гарон шудани нархи билети тайёра муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аз ҳамин роҳ сафар мекунанд.


Coming Soon



Шумо ба ин матлаб кадоме аз маркерҳои муносиб медонед?


Шумо ба ин матлаб кадоме аз маркерҳои муносиб медонед?

Шумо ба ин матлаб кадоме аз маркерҳои муносиб медонед?

The post Садамаи мусофиркаш бо 45 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.