Сафар Абдуллоҳ: Шоъире ҳассос ва дорои андешаҳои бузург

Имрӯз рӯзи таваллуди Исфандиёри Назар аз шоъирони мумтозе ки аз назари фикрӣ ва адабӣ беш аз ҳар шоъири дигаре ба устоди фақид Лоиқ Шералӣ наздик аст.

Ҳунарманд аст ва ҳунар посухест ба як ниёз, ниёзе тобрубой ва таболуда, ки оромиро аз ҳунарманд мегирад.

Ҷони ҳунарманд, ба қавли доное, паймонаест,ки саршор шуда аст;ба ночор бармеояд,фурӯ мерезад.
Ҳунар барои ҳунарманди ростин ба об мемонад барои моҳӣ…
Ҳунар барои ҳунарманди ростин зиндагӣ аст…
Ҳунарманд дар ҳунар ва бо ҳунар мезияд…
Агар барои рушди ҳунар шароит матлуб набошад ,чунонки моҳӣ агар об касиф шавад ба обҳои дигар муҳоҷират мекунад,ҳунар ва ҳунармандон низ дар тӯли таърих муҳоҷират кардаанд ва дар сарзаминҳои дигар низ бо меҳр ба меҳану забону фарҳанги хеш зистаанд ва ин ҳам яке аз роҳҳои интишор ва гуфтугӯи тамаддунҳо буда аст!
Исфандиёр шоъири тавоност,носири нозукбин ва мушоҳидакор,андешаманд ва муҳаққиқ аст…Он чи ки ӯро ба устоди бузургвор Лоиқ наздик месозад рӯҳи муштарак аст.
Нигоҳи содда ба осори ин ду шоъир нишон медиҳад,ки меҳандӯстӣ ва ъишқ ба Ватан аз ҷилваҳои боризи андешаи онҳост . Бозтоби ин ватанхоҳӣ дар ашъори ин ду шоъир он қадар густурда аст,ки ба сабке таъйинкунанда дар сатҳи муҳтаво ва забони шеъри онҳо табдил шуда аст.
Албатта ҳар кудоме дар мақоми худ…Исфандиёр дар ҳоли ҷустуҷӯ аст. Беш аз ҳар шоъири дигаре ҷӯё ва пӯё аст. Анвоъу ақсоми шеърро имтиҳон мекунад.Чӣ дар шеъри суннатӣ ва чи дар шеъри нав ва ба истилоҳ “нимойӣ” қувваозмойӣ мекунад ва дар бисёр маворид муваффақ мешавад.Он чӣ дар ашъори иҷтимоъии ӯ барҷаста ба назар мерасад андешаҳои миллии ӯст.
Миллигаройӣ, на ба маънои “носионалистӣ”и урупоӣ аст,балки ба маънои ишқи солим ба меҳану мардумони кишвари худ аст! Манзур аз шеъри миллӣ ба наҳве марбут ба муборизаи миллӣ ва иҷтимоъӣ аст.Вежагиҳои чунин шеър дар дахолати мустақим ба зиндагӣ ва фарозу нишеби он аст…ҳамчунин устувории калом ва пухтагии сухан ва ваҷҳи иҷтимоъии барҷастаест,ки шоъирро аз ношоъирони дигар мумтоз мекунад.
Барои рӯшантар дидани чунин чеҳраи зебои шеъри Исфандиёр бояд ба навиштаҳои ӯ бештар ошно шуд,ба вежа бо ашъораш ва ман ин сухани кӯтоҳро бо овардани чанд қитъа шеъри ӯ поён медиҳам.
Шеъри Исфандиёр аз замоне ки нахустин дафтари ашъораш интишор шуд,то кунун ба ҷунбиши мардуми тоҷик барои ба даст овардани озодиҳои фардӣ ва адолати иҷтимоъӣ,ҳамроҳ буда ва дар баробари ҳама гуна беадолатиҳои иҷтимоъӣ ба сӯрати садои шоъирона ҳаракат мекунад:
Ман ВАТАН гӯяму оташ дамад аз ҷону дилам…
Боз дар хоки ту афтода зи андуҳ мано,
Ғами ту пора кунад пираҳани ҷону тано.
Ватано! Аз ғами ту пеши чи кас нола кунам?
Гӯши фарёдшунав нест ба дардам, Ватано!
Шиканад хорадиле қалби ману қомати ту,
Чун дигар нест туро Коваи хорошикано.
Ин зи Бағдод бинолад, ки чаро пора шуда?
Он дигар аз алами Шому суқути Ямано.
Ман фақат аз ту бинолам, ки туӣ ҷону танам,
Ман фақат аз ту бигӯям, ки туӣ ҳамбадано.
Ҳарфи ту бар даҳани як-ду тани бедард аст,
Нест Фирдавсият – он пири мубораксухано.
Ман Ватан гӯяму оташ дамад аз ҷону дилам,
Ман Ватан гӯяму оташ ҷаҳадам аз даҳано.
Ту Бухоро, ту Зарафшон, ту Бадахшону Ҳарӣ,
Ту Хуросон, ту Нишопур, ту Халиҷу Хутано.
Пора-пора шуда дар нақшаи гетӣ баданат,
Эй ту якпорчатарин нақша зи даври куҳано.
Ин яке тоҷикӣ гӯяд ба забони ту дигар
Гӯядаш форсии тоҷикӣ дар анҷумано.
Ин яке ҳарфи дарӣ гӯяду дигар бидарад
Дар гулуяш ҳама овоз зи хашму хашано.
Ин яке пора кунад сафҳаи торихи туро,
То диҳад ҷилва туро ҳамчу худаш бекафано.
Ту ба рағми ҳама ин кавдану душман бархез,
То шавӣ боз ҳам Эрону Хуросон, чамано!
***
ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУДИ МАН
Як шоми охирини пойиз буд
Ва вопасин баргҳо,
Аз шамоли пойизу боронаш,
аз дарахтон ба ҳоҷу воҷ мерехтанд…
***
Як шоми охирини пойиз буд,
Ва аз рӯзгоре, ки бо як қатра,
Пайкари маро фароҳам оварданд,
“Ҳаст шав” – гуфтаву ба колбудам,
Сӯраи зиндагониро хонданд
Ва гулоби имону виҷдонро бар тамоми ҷисмам афшонданд,
Нуҳ моҳу нуҳ рӯзу нӯҳ соату нуҳ дақиқа гузашта буд.
***
Корвони рӯзу шаб беист,
Аз нокуҷо ба сарзамини сабзи “коф”-у “нун” мерафт.
Ва маро аз ман напурсида,
Бар яке маҳмили саворӣ биншониданд.
Ва нахустин баргаи сафарномаи маро инҷо навиштанд,
Ва он сафар,
Аз олами боло ба пастӣ буд…
***
Оламе, ки ман ибтидо ёфтам,
Бо қадамҳои ноқа пас мемонд.
В-он биҳишти нотакрор,
Аз нигоҳам рамидаву ҳар дам
Дур аз дидарас мемонд…
***
Сарҳади ҳафт марзи гардунро,
Аз назаргоҳи хеш пас мондам.
В-аз суруди ҷарас тамоми роҳ,
Оби дида,
Оби дида афшондам…
***
Корвон озими харобазоре шуд,
Ва ман монда ғарқи буҳту ҳайратро,
Рӯйи роҳи каҷу маҷе монданд.
Ҳис намудам, ки манзили навам инҷо,
Хонае дар миёни зулматистон аст.
Ва дуртарин ситораҳои осмонаш,
Бо кару фар таҷаллӣ мекарданд…
***
Лек шеди ҳақиқаташ гум буд,
Ё ки ҳамчу Юсуфи Канъон,
Он замон ҳам ба чоҳи ихвон буд…
***
Бори аввал ба чичӣ раҳ рафтам,
Ваҳ, чи ҳоле. чи санҷише, ё Раб,
Мекаловам…
Ва меравам…
Меуфтам…
Ва нахустин чизи диданӣ ин буд,
он замон дар нигоҳи ғарқи ҳайрати ман,
Дар фаросӯи ин билоди вайрона,
Мурғаке дар даҳони мор ҷон меканд…
***
В-он замон ман зи даҳшату тарсе
Гиря кардам,
Ва бе сухан Худоямро,
Бо фиғони дилам садо додам:
Эй Худо,
Ту маро ба сӯй худ боз ор,
Ё бигӯ, бар куҷой уфтодам?…
***
Хоҳишам буд,
Бозпас гардам,
Сӯйи он манзили монда дар ҳавас гардам…
Лек дидам, ки корвон рафта,
Бо фиғоне ба хеш печидам,
К-эй Худо, корвон чи сон рафта?…
***
… Посухе ҳам набуду овое,
Ҷуз ман ин мурғи дар қафас буда,
Ҳамчунин бешумор манҳое,
В-ин саройи шикастафарое…
***
Оре,
Як шоми охирини пойиз буд,
Ман дар инҷо ва рӯйи лабҳоям,
Нолаҳову фиғону “о, войе”…
25.11.1990
(Аз китоби “Руҷуи Исфандиёр”, нашриёти “Пайк”, 1994)
КОШ ҲАМЧУН ПАДАРАМ…
Кош ҳамчун падарам мебудам,
Як ваҷаб қомати боло аз кӯҳ,
Нағмаи шоди ҷавонӣ ба лабам, ҳамчун руд,
Осмон рӯи сарам ҳамчу кулоҳ,
Такягоҳам хуршед,
Болишам аз нахи моҳ…
Кош ҳамчун падарам мебудам!
Падарам мазраъи ахтарҳоро,
Аз раҳи Коҳкашон рафта ба шаб менигарад.
Моҳро пилтаи нав мемонад,
То касе нимашабон дар деҳа,
Пешпоӣ нахӯрад.
Падарам боғи саҳарро ба ҳидоёти Худо,
Медиҳад оби дуо.
Падарам маҳзари тобистон аст,
На шабам сард бувад,
На гурусна саҳарам,
Чатр болои сарам барги дарахтон ҳастанд.
Кош ҳамчун падарам мебудам!
Падарам силсиладори урафост,
Мерасад силсилааш бар дарё,
Окифи чашмаи чашмони худаст,
Хонақоҳи падарам дар нигаҳи чилчилаҳост.
Боғи ӯ масҷиди ҷомеъи ҳама мурғон аст.
Падарам ҷойнамозе зи баҳорон дорад,
Падарам субҳа ба симиннахи борон дорад.
Кош ҳамчун падарам мебудам.
Падарам ринди куҳанмайкадаест,
Нест таслими касе ғайри Худо.
Зикри ӯ ҳаст ҳамеша “Ба худ о!”
Падарам бандагиро бад хонад,
Фақрро мояи зиллат донад,
Кош ҳамчун падарам мебудам…
Ман ҳамеша ба Ватан чун ба Падар менигарам,
Ва ҳамеша ба Падар чун ба Ватан менигарам.
Модарам – руҳи Падар,
Модарам – Руҳи Ватан,
Руҳи покизаву минуӣ, муқаддас, якто!
Руҳи мағрур дар он пайкари чун кӯҳ ба худ побарҷо!
Кош ҳамчун падарам мебудам!
Ҳама адёни ҷаҳон мазмуни як фармонанд:
Аз Падар – аз Ватани хеш итоат кардан,
Аз Ватан – аз Падари хеш ҳимоят кардан,
Ва ба Модар, ки бувад руҳи падар,
Пеши Додор ибодат кардан…
Падарам дар назари ман Ватан аст,
Кош ҳамчун падарам мебудам!
Меравам ҳар нафас аз худ боло,
Мекашам қад ҳама дам,
Мешавам ҳамқади кӯҳ,
Мекунам сар боло,
Мебарорам ово:
Кош ҳамчун падарам мебудам,
Кош ҳамчун падарам мебудам!!
Сафар Абдуллоҳ,
25 -уми ноябри соли 2020.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.