Сафари 66 нафар эътирозгари Хоруғро ба хориҷ манъ карданд

Мақомот номи 66 сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои хориҷ нашудан аз кишвар ба ихтиёри сарҳадбонон дар гузаргоҳҳои марзӣ супурдааст.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад нусхаи рӯйхат бо номи “Ашхосе, ки ба ситемаи мамнӯъшудагон ворид шудаанд”, рӯзи 22-юми декабр дастрасашон гардидааст. Мақомот онро шарҳ надодаанд, вале фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон мегӯянд, аксари афроде, ки номашон дар рӯйхат ҳаст, дар эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябр ширкат кардаанд. Дар ин феҳраст ному насаб, ноҳия, деҳа ва рӯзи таваллуди афроде, ки иҷозаи берун шудан надоранд, сабт шудааст.

Рӯзи 25-уми ноябр, пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ, садҳо нафар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон эътироз карданд. Эътирози чоррӯза замоне поён ёфт, ки мақомот ваъда доданд, ҳалокати сокини Роштқалъаро таҳқиқ менамоянд, эътирозгаронро таъқиб намекунанд ва маҳдудияти интернет дар ҳудуди вилоятро бекор мекунанд.

Ҳоло фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, интернет ба сурати комил дастрас нашудааст, ҳодисаи марги Гулбиддин дуруст таҳқиқ намешавад ва эҳтимол, бо таҳияи рӯйхат, эътирозгаронро таъқиб мекунанд.

Як узви Ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, мақомоти умури дохилаи Бадахшон рӯйхатро тартиб додаанд ва ба марзбонон таъкид кардаанд, то ба ин афрод иҷозаи берун шудан надиҳанд. “Дар ин рӯйхат, аслан зодагони маҳаллаҳои Хоруғ ва Роштқалъа ҳастанд, ки тобути Гулбиддин ва ду нафари дигарро ба майдон оварданд. Онҳо талаби ҷазо додани дастандаркорони куштори ӯро карда буданд”,-гуфт ӯ.

Намояндагони гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулл дар вилояти Бадахшон ба зангҳои мо посух надоданд.

Хуҷамрӣ Пирназаров, масъули Дафтари матбуоти Ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, ҳайати муфаттишони Додситонии кулл эътирози чоррӯза дар Хоруғ, ҳолатҳои латту кӯбу ҳамла ба кормандони прокуратура ва умури дохиларо месанҷанд.

Ӯ гуфт, “муфатишони Додситонӣ ҳам ҳодисаи куштори Гулбиддин ва ҳам ҳамла ба кормандони додситониву милисаҳоро ҷиноят медонанд, вале дар таҳқиқашон бештар ба эътирози чоррӯза таваҷҷӯҳ кардаанд.” Дар асл, ба гуфтаи ӯ, “марги Гулбиддин сабаби эътирози мардум шуда буд.”

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ибтидо аз таҳқиқи якҷонибаи ҳодисаи ахир шикоят доранд. Онҳо шоми 20-уми декабр дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон хоста буданд, ҳодисаҳои ахири вилоятро дар иҷлосияи навбатӣ баррасӣ кунад. Онҳо гуфтанд, ки дар гирдиҳамоии ахири Хоруғ 17 нафар захмӣ гаштанд ва ду нафар ба ҳалокат расидааст, вале мақомот танҳо латтукӯби кормандони мақомоти қудратиро тафтиш мекунанд.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки эътирозгарон силоҳи кормандони милисаро тасарруф карда буданд ва аз тариқи онҳо мехостанд, ба мақомдорон ҳамла кунанд. Танҳо дар ин ҳолат, ба гуфтаи мақомот, ба сӯи ин афрод тир парронда шудааст.

Эътирози сокинон дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр шуруъ шуд ва чор рӯз баъд, танҳо пас аз тавофуқи мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба поён расид.

Сообщение Сафари 66 нафар эътирозгари Хоруғро ба хориҷ манъ карданд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.