Сафари сарвазири Узбекистон ба Тоҷикистон

Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон қабл аз зуҳри сешанбе дар раъси як ҳайати баландпоя вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Қарор аст имруз дар қароргоҳи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор шавад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтугӯҳо сарвазир Қоҳир Расулзода раҳбарӣ хоҳад кард.

Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиёт, энерживу кишоварзӣ ва низ фарҳангӣ аз масоили мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо хоҳанд буд. Дар назар аст, ки дар чаҳорчӯбаи сафари ҳайати Узбекистон ҳамоишҳои тиҷоратӣ низ баргузор шаванд.

Тоҷикистону Узбекистон ду даҳсолаи ахир ва дар замони раёсати Ислом Каримов муносибати чандон хуб надоштанд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 яхи муносибатҳо об шуд ва ҳоло ду ҷониб аз беҳбуди равобит сухан мегӯянд.

Соли 2018 ва пас аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе миёни Тоҷикистону Узбекистон низоми раводид миёни ду кишвар бекор шуда, парвозҳои мустақим оғоз шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.