Сафари вазири энержии Эрон ба Тоҷикистон

Вазири нерӯи (энержӣ) Эрон ба Тоҷикистон сафар кардааст. Сайти расмии вазорати энержии Эрон ҳадаф аз сафари Ризо Ардакониён ба Тоҷикистонро иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон гуфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар вазири энержии Эрон бо ҳамтои тоҷикаш Далер Ҷумъа, ки ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон аст, дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунин вазири энержии Эрон дар ин сафар бо дигар мақомоти тоҷик дар робита ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар суҳбат хоҳад кард.

Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург — нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” –ро амалӣ кардааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд соли пеш, айни замон ду тараф ба ҳам наздик мешаванд. Дар моҳҳои ахир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.