Сафир: “Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон қатъ нашудааст”

Сафири Тоҷикистон дар Русия хабарҳоро дар бораи қатъ шудани парвозҳои чартерӣ барои бозгардонии шаҳрвандон аз Русия рад кард.

Изҳороти сафир баъди он садо дод, ки мақомоти Тоҷикистон аз 30-юми сентябр ба ин тараф ҷадвали нави парвозҳои чартериро нашр накарданд ва ин чиз боис ба нигаронии муҳоҷирон шуд.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сарфи назар аз нашр нашудани ҷадвали нави парвозҳои чартерӣ, мисли моҳи сентябр, ҳамарӯза панҷ ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон шаҳрвандонро мебаранд. 

Ба таъкиди сафир, “ягон нақшаи қатъ кардани парвозҳои чартерӣ вуҷуд надорад. То боз шудани ҳарими ҳавоӣ ба Русия парвозҳои чартерӣ идома мекунанд.”

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав қатъ шудааст. Аз он замон то кунун Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ ба роҳ монд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, дарёфти билети бозгашт осон нест ва беҳтар аст парвозҳои доимӣ барқарор шавад.

Сафири Тоҷикистон дар посух ба суоли онки парвозҳои доимӣ ба Русия кай оғоз мешаванд, гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл омодагии худро барои азсаргирии парвозҳои доимӣ пешниҳод кард ва мунтазири посухи Маскав аст. “Ҷониби Тоҷикистон омода аст парвозҳои мунтазамро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монад,” — гуфт Имомуддин Сатторӣ.

Мақомоти Русия аз 21-уми сентябр парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро ба Қазоқистону Қирғизистон ва Белорус аз сар гирифтанд, то ҳол маълум нест, ки парвозҳо ба Тоҷикистон кай оғоз мешаванд. 

Масъулини сафорати Тоҷикистон гуфтанд, феълан ҳамарӯза тариқи парвозҳои чартерӣ ҳудуди 900 нафар аз Русия ба Тоҷикистон мераванд. Дар умум, ба гуфтаи масъулин, бо ин парвозҳо беш аз 50 ҳазор нафар аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Вале гуруҳи зиёди муҳоҷирон аз он шикоят доранд, ки бо вуҷуди муроҷиатҳо ва навбатпойӣ ҳанӯз ба парвозҳои чартерӣ роҳ наёфтаанд. Онҳо аз тарзи номнавис кардану нархи билети ҳавопаймоҳо шикоят доранд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.